Дар шумораи гузашта ду фатво дар бобати истифодаи телефони ҳамроҳро тибқи сарчашмаҳои муътабари мазҳаби ҳанафӣ ба нашр расондем, ки аз ҷониби хонандагони саҳифаи "Миллат ва Ислом" истиқболи хуб ёфт ва ба нишонии идораи ҳафтанома бо изҳори ташаккур навиштаанд, ки хуб мебуд агар ба таври силсила мо барои хонандагон фатвоҳои донишмандони муосирро ба чоп бирасонем.
Мо ба хонандагони ҳамешагии ҳафтанома Аъзамшоҳи Фақир, Эшонҷони Қурбон, Зайнураи Савлатшоҳ, Умедаи Давлат ва Ҷамшедшоҳи Муаззам, ки ба мо занг зада, барои пешрафти кори мо маслиҳатҳои муфид доданд, як дунё ташаккур гуфта, барои онҳо комёбиҳо хоҳонем. Мо масъулини саҳифа тасмим гирифтем то шумораи навбатӣ бо донишмандони маъруфи кишвар тамос барқарор намуда, посухи эшонро барои Шумо азизон тақдим хоҳем кард.
"Миллат ва Ислом"
БОЗӢ ВА САРГАРМӢ
БО ТЕЛЕФОНИ ҲАМРОҲ
Пурсиш: Оё машғул шудан ба бозиҳое, ки дар сандуқчаи саргармии телефони ҳамроҳ ҳастанд, ҷоиз аст?
Посух: Иштиғол ба бозиҳое, ки дар гӯшиҳои телефони ҳамроҳ аст, сабаби зоеъ шудани вақт мегардад ва барои ҳар мусулмон дурӣ ҷустан аз умури беҳуда лозим аст.
Аз Абуҳурайра (р) ривоят шудааст, ки паёмбари акрам (с) гуфт: Тарк кардани корҳои бемаъно аз ҳусни (зебоии) Исломи мӯъмин аст. (Мишкотулмасобиҳ - ҳадиси 4839, Муснади Аҳмад 1/211)
ҲУКМИ ТАЛОҚ ДОДАН АЗ ТАРИҚИ ТЕЛЕФОНИ ҲАМРОҲ
Пурсиш: Агар шахсе ба василаи телефони ҳамроҳ ҳамсарашро талоқ бидиҳад, оё талоқ воқеъ мешавад?
Поcух: Агар собит шавад, ки шавҳар дар телефони ҳамроҳ талоқ додааст, воқеъ мегардад, яъне ҳамсараш талоқ мешавад. (Дуррулмухтор маъа ҳошият Ибни Обидин 4/456, Алфиқҳ алисломӣ ва адиллатуҳу 9/692)
ТАЛОҚ ДОДАН ДАР ХОБ
Пурсиш: Шахсе хоб дид, ки бо ҳамсараш ихтилоф дорад ва бо ҳам даргир ҳастанду дар хоб ӯро се ТАЛОҚ додааст. Баъд, ки бедор мешавад ёдаш меояд, ки ин корро дар хоб дидааст. Оё талоқ додан дар хоб аз нигоҳи шаръ эътибор дорад?
Посух: Инсон дар ҳолати хоб ихтиёре аз худаш надорад ва барои ҳамин иттифоқоте, ки дар хоб меафтад, ғайриихтиёрӣ аст ва муохазаи шаръӣ надорад. Дар баъзе ривоёт омадааст, ки аъмоли се гурӯҳ муохаза надорад, аз он ҷумла шахсе хоб аст то замоне, ки бедор шавад. Бинобар ин чунин талоқ эътибор надорад. (Маҳмудулфатово 3/49, Аддуррулмухтор 3/110, Шарҳи аллома Ҳаскафӣ бар "Танвирулабсор" 2/463)
З. ДАВЛАТ