ПЕШВОИ СӮФИЁН ҶУНАЙДИ БАҒДОДӢ

Фарҳанг ва адаб 26.01.2009 14:23

Абулқосим Ҷунайд ибни Муҳаммад ибни Ҷунайди Заҷҷоҷу Хаззоз аз орифони баном ва олимони Ислом буд. Асли ӯ аз Наҳованди Ҳамадон буда, дар даҳаи дуввуми қарни саввуми ҳиҷрӣ дар Бағдод таваллуд шудааст. Падараш, ки шишагар буд ӯро Заҷҷоҷ (шишагар) мегуфтанд ва аз он рӯй ки дар кори хазз (абрешим) маҳорат дошт, ӯро Хаззоз (абрешимбоф) меномиданд.

Ҷунайдро пешвои мазҳаби сӯфия медонанд. Зеро тасаввуфи ӯ бо қоидаҳои Китобу Суннат мунтабиқ ва ақидаҳои сахиф барӣ буд ва кассе бар ӯ хӯрда нагирифт. Ҷунайдро сӯфиёни баъдина чунин лақабҳо додаанд: "Саййидуттоифа (хоҷаи тоифа), султонулмуҳаққиқин (султони муҳаққиқон), сайидулорифин (хоҷаи орифон), лисонулқавм (забони қавм) ва имомулаимма (пешвои пешоён)".

Ҷунайд дар асри худ саромади тамоми машоихи сӯфия буд ва аксари машоихи Бағдод бар мазҳабу маслаки вай буданд. Бештари замони ҳаёти Ҷунайд ба даврони хилофати ал-Муқтадири аббосӣ рост меояд. Худованд ба Ҷунайд баҳраи фаровон аз улум аъто карда буд. Дар "Сифатуссафва"-и Ибни Ҷавзӣ омадааст: "Ҷаъфари Хулдӣ мегӯяд: дар миёни машоихи мо кассе ҷомеътар аз Ҷунайд дар илму ҳол набуд. Чун бештари ононро дониш зиёд буду ҳол надоштанд ва иддае ҳол бар онҳо ғолиб буда, вале аз дониш бархӯрдор набуданд. Аммо Ҷунайд ҳоле хатир дошту илме ғазир ва онгоҳ, ки илмро мешунидӣ бар ҳолаш бартарӣ медодӣ".

ҶУНАЙД ЗИЁД МЕНАВИШТ

Мегӯянд, ки Ҷунайд дар илми ишорот ва баёни дақоиқи Қуръон бемонанд буд ва дар тасаввуф рисолаҳои гуногун навиштааст. Китобҳое, ки ба қалами Ҷунайд мансуб дониста мешаванд, бад-ин қароранд:

1.Китоби амсол ва Қуръон

2.Рисолаи мисоқ

3.Рисолаи улуҳият

4.Рисола дар баёни фарқ байни ихлосу сидқ

5.Рисолаи адаби алмуфтақир илаллоҳ

6.Рисолаи тавҳид

7."Давоуларвоҳ"

8."Давоуттафрит"

Ҷунайд: Ҳар кас, ки Қуръон ҳифз надошта бошад, қобили иқтидо нест!

Дар "Торихи Бағдод" ба нақл аз Ҷунайд гуфта шудааст: "Равиши мо бо суннат мунтабиқу мустаҳкам аст. Ҳар кас Қуръон ҳифз надошта бошаду ҳадис нанависаду тафаққуҳ дар дин ҳосил накунад, қобили иқтидо нест".

Ҳофиз Абӯнаими Исфаҳонӣ дар китобаш "Ҳулятулавлиё ва табақотуласфиё" аз забони Ҷу¬найд овардааст: "Илми тасаввуфи мо бо ҳадиси расулуллоҳ (с) гиреҳ хӯрдааст ва мо тасаввуфро аз қилу қол нагирифтем, балки аз гуруснагиву бехобӣ ёфтаем ва даст нигаҳ доштан аз дунёву Буридан аз ончӣ дӯст доштему андар чаши мо ороста буд. Зеро тасаввуф, яъне муомаларо бо Аллоҳ дуруст кардану дурӣ ҷустан аз зарқу барқи дунё ва китобро бо дасти росту суннатро бо дасти дигару бо ин ду рӯшноӣ зиндагӣ кардан, то на дар шубҳаи ақидатӣ афтоду на дар дар зулми бидъат гирифор шавад".

Ҷунайди ҷавон, ки ҳамагӣ бист сол доштааст, рӯзҳо ба рӯзҳо чизе нахӯрда, ҳар рӯз 400 ракъат намоз мегузоридааст. Дар ин борадар "Кашфулмаҳҷуб"-и Ҳаҷвидӣ зикр рафтааст ва дар ҳамин сарчашма гуфта шудааст: "Ҷунайд чун пир шуд ҳеҷ вирде аз авроди ҷавонӣ зоеъ накард. Ба вай гуфтанд: Ай шайх, заиф гаштаӣ, даст аз баъзе навофил бардор. Гуфт: Ин чизхое аст, ки андар бидояти амр ҳарчи ёфтаам бад-ин амр ёфтаам. Баъд аз қазои Худо маҳол бошад, ки даст аз ин бидорам!".

Ҷунайд марди Худой буд, пероста бо фаросату тезфаҳмиву зиракӣ ва меҳмоннавозиву дастгирии дигарон. Зиёд рӯза мегирифт ва агар фарде назди эшон меомад, рӯзаи худро мешикасту мегуфт: Фазли мусоадат бо бародарон камтар аз фазли рӯза нест. Дар "Торихи Бағдод" аз забони Ҷунайд гуфта шудааст: 40 сол шуд, ки либосамро барои рафтан ба рахтихоб дарнаёвардам (яъне дар рахти хоб нахобидаам).

УСТОДОНИ ҶУНАЙДИ БАҒДОДӢ ВА ТАҲСИНҲО

АЗ 400 МУРШИД ДАР КАЪБАТУЛЛОҲ

Ду тан аз устодони Ҷунайд дар таърихи тасаввуф маъруфтар аз устодони дигари ӯ ҳастанд. Яке Сарии Сақатӣ ва дигаре Ҳорис ибни Асади Муҳосабӣ.

Сарии Сақатӣ муриди маъруфи Кархӣ ва устоди доии Ҷунайд буд, ки дар Бағдод имоми орифони замон дониста мешуд. Ӯ низ иронитабор ва аз мардуми Наҳованд буд. Ҷунайд ҳамагӣ ҳафт сол дошт, ки Сарии Сақатӣ ӯро ба ҳаҷ бурд. Дар ин бора Салоҳиддин Халил ибни Айбаки Сафадӣ дар "Алвофӣ билвафийёт" навиштаву афзудааст: Дар Масҷидулҳаром масъалаи шукр байни 400 муршид матраҳ шуду ҳар кадоме таърифе карданд. Сарии Сақатӣ Ҷунайдро гуфт, ки ту чизе бигӯ! Ҷунайд гуфт: Шукр он аст, ки неъматеро, ки Худо ба ту дода, бад-он неъмат аз вай осӣ нашавӣ ва неъмати ӯро сармояи маъсият насозӣ! Ҳама муршидони ҳозиру нозир ба ташвиқи ӯ пардохтанд ва гуфтанд, ки аз ин беҳтар наметавон гуфт!

Ҳориси Муҳосабӣ устоди дигари Ҷунайд аз бузургони асри худ буд. Ҷунайдро устодаш Сақатӣ мепурсад, ки паз аз сари ман назди кӣ меравӣ, мегӯяд назди Ҳориси Муҳосабӣ. Сарии Сақатӣ мегӯяд: Аз илми ӯ бигир ва радди ӯ бар мутакаллимон бигзор! Сипас дар ҳоле, ки рӯйи Ҷунайд ба ҷониби дигар буд, гуфт: Ҳақ таоло туро соҳиби ҳадисе сӯфӣ гардонад ва сӯфие соҳиби ҳадис. Сақатӣ бо ин ишорат бад-он кард, ки ҳар ки ҳадису илм ҳосил кунад, пас тасаввуф варзад, растагор бошад. Ва ҳар ки пеш аз илм тасаввуф варзад худро дар хатар андохтааст!

ФАРМУДАҲОИ ЗАРИНИ ҶУНАЙД

"Роҳҳо ҳама бастаанд магар он роҳ ки бар пайи расулуллоҳ (с) равад!"

"Зуҳд тиҳидилӣ аст бар ончи даст аз ӯ холӣ аст".

"Ихлос сирре аст миёни бандаву Худой, на фаришта донад, ки бинависад, на шайтон донад, ки онро табоҳ кунад ва на ҳаво донад, ки онро бигардонад".

"Ҳақиқати сидқ ин аст, ки рост гӯйӣ андар коре, ки андар он наҷот наёбӣ магар ба дурӯғ".

"Ориф ориф набошад то ҳамчун Замин набувад, ки неку бад бар ӯ бираванду чун абр, ки соя бар ҳама чиз афканаду чун борон, ки бар ҳама ҷой бирасад".

ВАФОТИ ҶУНАЙДИ 91-СОЛА ВА ҲУЗУРИ

60000 МУСАЛЛӢ ДАР ҶАНОЗАИ Ӯ

Дар китоби "Алвофӣ билвафийёт" омадааст: Абӯбакр Алатвӣ мегӯяд: Ҳангоме, ки Ҷунайд вафот ёфт, наздаш будам. Вақти иҳтизор (ҷонканӣ) Қуръони маҷидро як бор аз аввал то охир хатм намуд, сипас бори дуввум тиловатро оғоз намуду 70 оят аз сураи "Бақара"-ро тиловат фармуду вафот ёфт.

Вафоти Ҷунайд ба соли 297 ё 298-и ҳиҷрӣ иттифоқ афтод ва ҷасади ӯро Абӯмуҳаммад Ҷари¬рӣ ғусл дод. Дар ҷанозаи Ҷунайд - саййидулорифин ва имомулаиммаи вақт 60 000 нафар намози ҷаноза хонданду ӯро дар мақбараи Шанузияи Бағдод дар паҳлӯйи тағоияш Сарии Сақатӣ ба хок супурданд.

ДУО ВА МУНОҶОТИ МАШҲУРИ ҶУНАЙД

"Худовандо! Ҳар ёдеро, ки дар дили ман ҳаст, ҷуз ёди ту, ҳар муҳаббатеро ҷуз ишқи ту, ҳар гиромидоштеро ғайр аз гиромидошти ту, ҳар умеде ҷуз умедворӣ аз ту, ҳар тарсе магар тарс аз ту, ҳар рағбате магар онки сӯйи туст, онро бизудой! Омин!"


З. ДАВЛАТ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97