1 УШТУР, 1 ХАР, 1 МАЙМУН…ДАР СИРKИ ТОҶИК

Фарҳанг ва адаб 31.12.2008 16:30

СИРК ҚАДИМИТАРИН ҲУНАРИ МАРДУМИСТ

Мегӯянд, ки сирк- ин макони дилхӯшӣ барои кӯдакон аст, вале ин ақида билкул ғалат аст. Ба сирк метавон бо аҳли хонавода рафт ва ҳар нафар он чизеро тамошо мекунад, ки маҳз барои ӯ офарида шудааст. Ҳанӯз дар давраҳои қадим санъати сирк ташаккул ёфта буд, жанрҳои сиркӣ ба вуҷуд омада буд, мардум бо шавқи бе андоза ба намоишномаҳои сиркӣ мерафтанд…

Барои мисол дар Рими қадим сиркҳо бисёр буданд, аммо машҳуртаринаш "Circus Maximas" (Сирки бузург) буд, ки соли 7-уми пеш аз мелод сохта шуда буду фаъолият мекард. Ривоят мекунанд, ки худи Юлий Сезар ба намоишҳои "Circus Maximas" мерафтааст. Бинои "Circus Maximas" шакли ҳарфи лотинии U- ро доштааст, ки дар заминаи он дигар сиркҳо сохта шуданд. Аз байн нарафтани сирк муддати ду ҳазорсола ва рӯз аз рӯз ба вуҷуд омадани жанрҳои нави ҳунари сиркӣ далели он аст, ки ин ҳунар мондагор аст. Вале Сирки давлатии Тоҷикистон (минбаъд СДТ) чӣ?

СИРКИ ТОҶИК 80 СОЛА МЕШАВАД!

2 июни соли 1929 дар ҳаёти халқи тоҷик воқеаи фараҳбахш рӯй дод, зеро дар ин рӯз Сирки давлатии Тоҷикистони Шӯравӣ таъсис дода шуд ва ҳунармандон аз навоҳӣ ба сирк даъват шуданд, то ки ҳунари худро ба маърази тамошои тамоми мардум расонанд. То ин замон ҳунармандон аз қабили торбозон (на дорбозон, дурусташ торбоз аст.- Ё.С.), масхарабозон ва ғайраҳо буданд, лекин аз сабаби он ки як ҳайати муштарак ва гурӯҳӣ набуданд, фаъолияташон маҳдуд буд, саҳнаи махсус надоштанд ҳамин қабил мушкилот буд, ки сирки тоҷик то ин замон рушд накард.

СДТ дар тӯли фаъолияти худ се давраи мудҳишро аз сар гузаронидааст: 1) Соли 1935, баъд аз 6 соли таъсисаш якбора онро ба Узбакистон медиҳанд, ҳарчанд дар тобеъияти Узбакистон дер намемонад, ба ҳар ҳол ин воқеа таъсири манфии худро ба фаъолияти СДТ мерасонад, 2) Бо пош хурдани СССР вазъияти СДТ ҳам бад мешавад, 3) Дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ молу ашёи он рабуда мешавад, ҳайвонҳои сирк нобуд мешаванд…

Бинои имрӯзаи сирк умри 30 сола дорад. Ҳарчанд бо қадимтарин сирки ҷаҳон д Ивери Париж, ки аз соли 1852 инҷониб фаъолият дорад, ҳамсол нест, барои Тоҷикистон СДТ қадимтарин ва ягона маҳсуб меёбад.

СИРКИ ТОҶИК БЕҲТАРИН СИРК АСТ!

Аз 10 жанре, ки санъати сирк то имрӯз барои худ кашф кардааст, 8-тои онро дар СДТ тамошо кардан имкон дорад. Сар карда аз гимнастика, акробатика, дрессура (ромкунандаи ҳайвонот), эквилибристика (мувозинатнигаҳдорӣ), клоунада (масхарабоз), жанглёр (саққобоз), атлетика (вазнбардор), фокс (ҷодугар).

- Ба баъзеи ин жанрҳо мо либоси миллӣ пушонидаем мегӯяд Ашӯр Раҷабов, роҳбари студияи назди СДТ. Масалан, афзуд номбурда, духтарони торбоз дар рӯйи саҳна бо либоси миллӣ баромад мекунанд.

Дар ҳайати СДТ ҳамагӣ 30 артисту 15 ҳунаромӯз фаъолият мебаранд. Суоле ба миён меояд, ки оё 30 артист барои сирки ягона басанда аст? Ба ин суол Раҷабов чунин посух гуфт: Албатта басанда нест, ҷое мешавад, ки артистон ба ҳамдигар дар иҷрои нақшҳо кумак мекунанд. Ин ҳайате, ки имрӯз дар СДТ фаъолият мебаранд, соф миллист! Ба як ҷумла хулоса кардан мумкин аст, ки СДТ дар таҳияи барномаҳо мушкилӣ надорад. Ҳарчанд ҳайати комилу пурра ҳам надошта бошад. Яъне ҳамин 30 нафар аз иҷрои ҳамаи жанрҳои номбурда мебароянд.

Ҳамчунин таваҷҷуҳи мардум ба намоишҳои сиркӣ меафзояд, андак-андак паҳлӯи хурдсолон калонсолонро низ дидан мумкин аст, ки ба ҳар як амали ғайри оддии ҳунармандон каф мекӯбанд.

1 ШУТУР + 1 ХАР + 2 СУСМОР+…

Маъмулан сирк бе ҳайвонҳои ромшуда бо инсон ва дорои ягон амали ғайри оддӣ маънӣ надорад. Будани ҳамингуна ҳайвонот дар сирк мардумро бештар ба худ ҷалб мекунад. Ҳамагон шоҳидем, ки ақлу хиради инсонӣ ба ром кардани ваҳшитарини вуҳуш мерасад.

Саҳнаи СДТ аз ҳайвонҳои ромшуда холӣ нест, ҳарчанд шуморашон хеле кам ҳам бошад. Рӯйхати ҳайвоноти СДТ-ро метавон ба осонӣ тартиб дод: 1 уштур, 1 хар, 1 маймун, 3 саг, 3 мори калон- 1 анаконда; 2 питон, 2 сусмор ҷамъ… ҳамин қадар.

Имсол дар таърихи СДТ бори аввал ҳайвони оддию мушкилкушои мардуми тоҷик ХАР рӯйи саҳна бароварда шудааст. Кам будани ҳайвонот дар СДТ сабаб дорад, вале дар ин хусус каме поинтар…

ШИКАМИ ГУРУСНАИ ҲАЙВОНОТ

Мушкили № 1 СДТ ин моҳонаи ночизи давлатии ҳунармандон аст. Имрӯз ҳунаромӯзи сирк 63 сомонӣ маош мегираду раҳбарият, яъне маоши аз ҳама зиёд 255 сомонӣ аст. Дар сирк мардуми фидоӣ кор мекунад. Онҳо ягон манбаъи даромади иловагӣ надоранд. Пештар, дар даврони шӯравӣ, СДТ соҳиби меҳмонхона буд. Ҳунармандоне, ки аз ноҳияҳо меомаданду бе ҷои зист буданд, дар меҳмонхонаи сирк ҷой дода мешуданд. Инчунин СДТ имконият дошт, ки дигар сиркҳоро ба Тоҷикистон даъват намояд. Дар як давра, баъди соҳибистиқлолӣ, Вазорати фарҳанг меҳмонхонаи сиркро кашида мегирад. Ҳамин воқеа чанд мушкили дигарро баҳри ҳунармандон ва умуман СДТ ба бор овард. Хушбахтона, мегӯяд Раҷабов, хабари нек расид, ки бо қарори Вазорати фарҳанг як ошёнаи бинои меҳмонхонаи "Фарҳанг", ки ин меҳмонхона ҳаққи ҳалоли СДТ буд, боз ба Сирк баргардонида шудааст ва аз моҳи январ СДТ метавонад, ки ин ошёнаро мавриди истифода қарор бидиҳад. Ашӯр Раҷабов мегӯяд, ки агар ҳамин меҳмонхона ба СДТ пурра баргардонида шавад, барои мо ҳунармандон хеле кумак мешавад. Аввал ин ки ҳунармандонамон соҳиби ҷойи хоб мешаванд ва ҳам метавонем, ки баъд намояндагони сиркҳои дигар давлатҳоро ба Тоҷикистон даъват намоем. Аз ҳисоби даромади меҳмонхона ҳамчунин метавонем шумори ҳайвонҳоро зиёд намоем. Айни ҳол ҳамин 1 шутуру 1 хару 1 маймуну 3 сагу 5 морро ба зӯр нигоҳ медорем. Бисёр вақт шиками ҳайвонҳо гурусна аст. Барои харидории ҳайвонҳо ҳам маблағ намерасаду ҳам барои нигоҳу бинашон имкон надорем (!).

МАРҲАМАТ БА СИРКИ ТОҶИК!

Бо вуҷуди ин ҳама мушкилот ҳунарпешаҳои СДТ имрӯз аз субҳ то шом бо ҷидду ҷаҳд пайи омода кардани намоишномаи соли навианд. То он ҳад ҷиддӣ кор мекунанд, ки рӯзе беш аз 10 соат бо шумули рӯзҳои истироҳат машқ мекунанд. Ҳунармандон ният доранд, ки аз 26 декабр сар карда то 18 январ ҳунари худро дар маърази тамошои мухлисони санъати сирк бигузоранд. Ҳунарпешаи машҳури сирки тоҷик, масхарабоз Ҷамолиддин Садриддинов мегӯяд, кафолат медиҳам, ки ин намоишнома ба ҳамагон писанд меояд. Зеро бори аввал аст, ки дар рӯи саҳнаи сирки тоҷик Хар нақш бозӣ мекунад ва ҳамаи жанрҳое, ки номбар кардем дар ин давра рӯи саҳна монда шудаанд. Беҳтарин ҳунармандон баҳри тамошогарон ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Марҳамат ба СИРКИ ТОҶИК ташриф биёваред, то барои лаҳзае МОВУ ШУМО мушкилиҳоро аз ёдҳо бубарем!


Ёқуби САИД
«Миллат»
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97