Назарсанҷӣ

Дар кадом мактаб мехоҳед фарзандатон таҳсил кунад?

Мактаби умумии тоҷикӣ - 34.4%
Мактаби умумии русӣ - 11.5%
Литсейи Президентӣ - 13.1%
Литсейи Байналмиллалӣ (собиқ туркӣ) - 6.6%
Мактаб-интернати "Ҳотам ва ПВ" - 23%
Дигар - 11.5%

Шеъри порсӣ дар фазои сафорати Фаронса танинандоз шуд

Хабар 09.10.2018 16:35

Бо ибтикори сафорати Фаронса дар Душанбе аввали октябри соли ҷорӣ, ба истиқболи бузургдошти рӯзи забони давлатӣ “Маҳфили шеъри тоҷикию фаронсавӣ” баргузор шуд.

Зимни баргузории маҳфили мазкур, ки дар фазои озоду самимонаи бинои сафорат тӯли ду соат идома кард, шоирони маъруфу маҳбуби кишварамон, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Душанбе ва ҳаводорони шеъру каломи ноб ҷамъ омада буданд.

Сафири Фаронса хонум Ясмин Гуедар зимни ифтитоҳи шоми шеър аз бузургии шеъри порсӣ ва аҳамияти шеъру адаб ва муштаракоти фарҳангии ду кишвар сухан гуфта, ҳамкориҳои фарҳангиро дар густариши равобити Тоҷикистону Фаронса муҳим арзёбӣ кард.

Маҳфилро Ортиқи Қодир, Гулрухсори Сафӣ, Амалхонум Гаҷиева ва дигарон бо суҳбатҳои гарму шеърҳои самимияшон шукӯҳи хоса бахшиданд.

Шаҳноз Комилзода  

 

©2008 - 2018 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97