Саҳифаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон дар Фейсбук хабар медиҳад, ки имрӯз - 1 октябр - мавсими даъвати ҷавонон ба артиши кишвар шуруъ шуд. Ба навиштаи саҳифаи Кумита, дар майдони 800 солагии Маскваи шаҳри Душанбе маросими "Рӯзи даъватшаванда" бо иштироки ҳазорон нафар падарону модарон, ҷавонон, варзишгарон ва сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе баргузор гардидааст.
Мақомоти расмӣ, аз ҷумла раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам, муовини раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Назимрадзода, муовини вазири мудофияи Тоҷикистон Латифзода Асрор Қурбон иштирок карданд.
Дар Тоҷикистон ҳамасола тирамоҳу баҳор ҷавонони аз 18 то 27-соларо ба сафи артиш даъват мекунанд. Дар ин мавсимҳо бархе ҷавонон "облава" ва иҷборан ба артиш фиристода мешаванд. Дар чанд соли охир қонунҳои марбут ба ҷалби ҷавонон ба артиш тағйир хӯрда, масъулияти волидонро барои ирсоли фарзандонашон ба артиш бештар кард.