Нигаронии Тоҷикистон аз қатл шудани тоҷикон

Хабари хуб 17.09.2011 09:41

Muhojiri_kushtaДушанбе аз мавридҳои афзояндаи қатли шаҳрвандони тоҷик дар Русия изҳори ташвиш кард.

 

Муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон Маҳмуд Собиров рӯзи ҷумъа дар мулоқоте ба сафири Русия Юрий Попов бо изҳори нигаронии ҷиддии Душанбе гуфтааст, ки қатли ваҳшиёнаи шаҳрванди 24-солаи тоҷик Ҷонибек Қосимов дар ноҳияи Сергиев Посади вилояти Маскав ҷомиаро таккон дод. Оқои Собиров хостори мусоидати мақомоти Русия дар таъмини таҳқиқи фарогири ин қазия шуд. Ҷасади гарданбуридаи Ҷонибек Қосимовро рӯзи 7 сентябр аз як ҷангалзор дар Сергиев Посад ёфтанд.
Шумори муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар давру бари 1 миллион нафар рақам зада мешавад. Бино ба маълумоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, тайи 8 моҳи аввали сол аз Русия ба Тоҷикистон беш аз 600 мурда овардаанд.

«Озодӣ»

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97