Равшани Темуриён: Ваъдаҳои ҷаноби президент ба раҳбарони Иттиҳодияи Урупоро зери суол набаред!

Сиёсат 16.05.2013 16:53

Ravshan TemuriynСаволи ин ҳафтаи "Миллат": - Шумо қазияи бо Зайд Саидов пеш омадаро чи гуна арзёбӣ мекунед? Оё ин идомаи бархурди давлат бо мухолифони пешин аст?

- Боиси таассуф аст, ки давлат дар соли 21-уми ҳукумат сарфи назар аз ин шароити мушкили иҷтимоӣ ва сиёсӣ ҳамоно мухолифони чӣ пешину чӣ кунуниро пахш карданӣ мешавад. Мутаасифона, ҳукумати кунунӣ бо буғӣ кардани оппозитсияи дунявӣ ва Ҳизби назҳати исломии Тоҷикистон, ки ҳанӯз "модератӣ" боқӣ мемонад, як холигоҳе ба вуҷуд овард, ки ҷойи онҳоро ҳаракатҳои радикалӣ мазҳабӣ ва толибмаоб гирифтанд. Ва ҳоло, ҳизби ҳанӯз таъсиснаёфтаро аз реша кандан, бетардид бар нафъи боз ҳамон ҷумбишҳои мазҳабии иртиҷоӣ ва нируҳои радикал хоҳад буд.

Ҳоло он ки ҷаноби Зайд Саидов ва тарафдоронаш фақат аз масоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҳарф мезананд, на сиёсати давлат. Айён аст, ки нуфузи Ҳизби наҳзати исломӣ, ки рақиби асосии ҳизби ҳукмрон ба шумор меравад, миёни қишрҳои ҷомеъа то рафт афзун меёбад. Ва мантиқан таъсиси ҳизби ҷаноби Саидов баръакс бар нафъи ҳизби ҳукмрон бояд бошад. Зеро ишон талош дорад, нируҳои солими технократ ва дунявиро дар атрофи худ гирди ҳам оварад. Нияти ҳизби Тоҷикистони нав иштирок дар интихоботи порлумонӣ аст ва на президентӣ. Фикр мекунам, мушовирини ҳукуматӣ ба ибораи мардумӣ, "пеш аз пода чанг бароварда", нахуст ҷаноби президентро нодуруст маълумот додаанд. Дуввум, бо ин пархошу ҳаракатҳои "калтакнишондиҳӣ"-и ниҳодҳои маъмуриву қудратӣ нияту ваъдаҳои ҷаноби президент дар бораи шафофият ва озодии интихоботи оянда дар кишварро, ки ахиран ишон ба раҳбарони Иттиҳодияи Урупо дода буданд, таҳти суол мебаранд. Ва ин латма ба обрӯи бе ин ҳам костаи давлати Тоҷикистон дар миқёсӣ ҷаҳонӣ хоҳад буд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97