Бар марги Усома гиря накунед

Сиёсат 09.08.2011 12:26

Ben Laden_10Душмани шӯравӣ душмани ислом шуд
Ҳафтаест дар сархати тамоми расонаҳо аз марги Усома бин Лодин ҳарф мезананду номашро бо ҳасрат ба забон мегиранд. Ин ҳарфҳоест, ки имрӯз дар тамоми маъракаҳо, кӯчаву бозор гуфта мешавад. Ҳатто як ронандаи бесавод марги ин аъробиро барои худ як мусибату бадбахтӣ медонад. Муаллимеро низ дидам, ки барои як араби саҳрогард хеле ғамгину сарсону асабӣ буд. 
Афсонаи "қаҳрамонӣ"-и Усома бин Лодин ҳанӯз дар авоили солҳои ҳаштод вирди забонҳо буд. Ёд дорам, вақте мо дар Афғонистон хидмат мекардем, дар дастурамалҳо ва ёддоштҳои афсарони иктишофии гурӯҳҳои махсуси урдуи шӯравӣ номи ин араб навишта шуда буд ва он замонҳо ӯ ба ҳайси як фармондеҳи ба истилоҳ "чирикӣ" алайҳи урдуи шӯравӣ меразмид.

Ҳеҷ ҷои пӯшида нест, агар бигӯем, ки аз дасти ин "муҷоҳид" садҳо ҳазор тан куштаву ҳазорҳо деҳу деҳкадаҳо хароб гардиданд. Аз васоити ахбори Афғонистон ва намоишҳои телевизиону барномаҳои родиюӣ ҷиноёти ин "муҷоҳид" пахш мегардид ва акнун мардум дар симои ӯ на як муҳофиз, балки душмани қаттоли худро медид.
Манзури мо таърифи тарҷумаи ҳоли Усома ва сарвату боигариҳои ӯ нест ва ҳамчунин дар назди худ мақсад нагузоштаем, ки ӯро ба ҳайси як ҳомии дини ислом муаррифӣ намоем, агарчӣ банда дар симои ӯ ин хислатҳоро ҳаргиз надидаам.

Араб аз мусулмонии мо ангуш мегазад
Таърих гувоҳ аст ва мо қавмҳои ориёӣ медонем, ки чӣ гуна ба дини ислом гаравидаем ва имрӯз аз ҷумлаи он суннатиёнем, ки аркони дини мубини исломро болотар аз як араб мегзорему муроот менамоем. Ҳарчанд бо бурузи ислом тамоми қавмҳои ориёӣ, ки бо дине рушдёфта ва созанда муҷаҳҳаз буданд, сараввал нахостанд, ки бо ин дин бигараванд. Муборизоти шадид ва ҷангҳои хунин ба он овард, ки ҳар як форсзабон бо гузаштан аз зери теғи араб ин динро ба таври иҷборӣ қабул кард. Ҳоло ки мебинем, бо мурури солҳо дини ислом аз асолатҳои худ берун гашта, дар ҳарими хурофот печидааст ва ҷуз хурофот дар пиндори мо ҳарфи дигаре чарх намезанад. Ончунон аҳкоми ин динро ба таври беақлонаву хурофотона қабул кардаем, ки ҳатто як араб аз чунин пайравии мо ангушти ҳайрат мегазад. Панҷ вақт намоз гузоштан, аҳкоми ҳаҷро риоя кардан, закоти мол додан, хайроту садақоту эҳсон кардан ва соири арконҳоеро, ки худи араб дар ватанаш аз ёдҳо фаромӯш кардааст, мо ба пуррагӣ ба ҷо меоварем. Имрӯз дар масҷидҳо аксаран ҷавонону наврасонро мебинем, ки сари зону нишаста аз мулло сабақ мегиранд ва ин худ як эътиқоди ин мардум ба дини ислом аст, дар ҳоле ки агар мо ҳамин ҷавонакро аз дарси мактаб чизе бипурсем, ҳатман лолу гунг мемонад.

Араб аз форс интиқом мегирад
Қавмҳои сарсахти ориёӣ майле ба ҳифзу иҷрои хат ва забони арабӣ надоштанд ва ин буд, ки дар замони истисмору таҳоҷуми қавмҳои бодиянишин мардуми саркашро ба сангинтарин муҷозот мекашиданд ва маҷбур месохтанд, ки бо ин ҳарфу бо ин забон такаллум кунанд. Ин кор то замоне идома ёфт, ки шоҳ Исмоили Сомонӣ бо шарофати устоди форсзабонон АбуабдуллоҳиРӯдакӣ фармоне содир кард ва гуфтугӯ ва ҳуҷҷатгузорӣ ба забону хати арабӣ манъ гардид ва аз ин ба баъд забони чун ангубин ширини форсӣ дубора аз модар таваллуд ёфт. Чунин сурат гирифтани кор қавмҳои бодиягарду саҳронишинро хуш намеомад ва ҳамеша дар фикри қассос гирифтан буданд. Таърих шоҳид аст, ки арабҳо баъдан чӣ зиндагии кулбореро ба сари мардуми ориёӣ фурӯ рехтанд. Аз сӯи дигар араб дар таърих як қавми ҷоҳил шинохта мешавад ва маҳз Худованд ин динро дар ин сарзамин бад-он хотир ҷойгузин кард, ки араби саҳрогард по аз рикоби ҷаҳл поин биораду чун инсон дар дунёи маърифату рӯшноӣ ба сар бибарад.
Аммо сад афсӯс, ки араб қобилияти ислоҳ шуданро надоштааст ва ҳеҷ гоҳе аз фикри интиқом гирифтан даст намекашидааст. Ин қавм, ки дар муборизаҳои шадид бо мардуми ориёӣ муштҳои сангине ба даҳон хӯрдааст, аз як насл ба насли дигар васият кардаанд, ки қассоси худро аз форсҳо бигиранд. Ва ҳамин Усомаҳо наберагони ҳамон қавмҳои саҳрогарди кӯчиву бодиянишин ҳамеша дар фикри бадбахт сохтани мардумони форсзабон будаанд. Агар чунин нест, пас чаро Усома бин Лодин ва муридонашон маҳз майдони муборизаву "ҷиҳод"-ро.

Магар Бин Лодин кӯр буд?
Афғонистон қарор доданд? Дар сурате мардуми Фаластин 70 сол аст барои дубора пас гирифтани сарзамини обоии худ бо яҳуду насоро меразмад ва ҳеҷ нест, ки муваффақ шавад. Дар худи Арабистони Саудӣ, Миср, Сурия ва дигар давлатҳои арабӣ мухолифини дини ислом хеле зиёданд. Онҳо дар ниқоби мусулмон мусулмонҳои ақидатиро тангравӣ мекунанду сарвату ғановаташонро мерабоянд. Дар Ироқе, ки чун кишвари афсонавӣ дар таърих ёд мешуд, бо омадани амрикоиву дигар аҷнабиён мафҳуми ватану ватандорӣ аз байн рафта, як кишвари бузург ба қавму қавмчаҳои мухталиф тақсим шудааст. Ҳамин амрикоиҳо президенти ин кишварро бо тамасхуру таҳқир дастгиру дар рӯзи иди қурбон ба дор овехтанд ва тамоми миллати арабу мусулмонро дар маҷмӯъ таҳқир намуданд. Пас суоли матраҳ ин аст, ки магар Усома бин Лодин кӯр буд, ки ин ҳамаро намедид ва майдони "ҷиҳодаш"-ро тағйир намедод?

Усома форсизабон шикор мекард
Бо сароҳат метавон гуфт, ки Усома вориди хоки Афғонистон бад-он хотир шуд, ки қассоси гузаштагони худро аз ин мардуми саркашу ғаюр, ки забону фарҳангаш форсист бистонад ва бо пои шуми худ дарёи хунро дар ин сарзамин ҷорӣ созад. Ба пиндори муҳаққиқин ва ҷомеашиносон тамоми бадбахтиҳое, ки ба сари ин мардум ва ин сарзамин омадааст, аз қудуми наҳси усомаҳост.
Ҳамин одамкушон буданд, ки ба таври рамзӣ алайҳи шӯравиҳо ҷангиданд, дар асл мардуми бечораву бепаноҳро асир ва ба таври ваҳшиёна ба қатл расонданд. Ҳамсабақи банда Мастибек Ширинбеков, ки тарҷумони генерали рус Шкиченко буд, соли 1982 тавассути чархбол аз мавзеъҳои Хост, ки дар қисмати ҷануби Пактиё воқеъ аст, парвоз мекарданд ва ин замон чархбол ҳадафи рокетандозҳои "Стингер" қарор гирифт ва ба замин фурӯд омад. Усома, ки дар амалиётҳои Пактиё фармондеҳ буд, амр медиҳад, ки сари генералро аз тани беҷонаш ҷудо намоянд. Бародари мо Мастибек ҳангоме, ки чархбол оташ мегирад, бо тане захмину маҷрӯҳ мехоҳад аз миёни аланга берун биёяд, вале одамкушони Усома ӯро тирборон мекунанд ва дубора дар миёни оташаш меандозанд. Пилотҳоро ба таври ваҳшиёна бо кофтани чашму буридани аъзои баданашон ба қатл мерасонанд. Ин ваҳшониятро сокинони деҳаи Хост, ки мо баъди як рӯз онҷо расидем, нақл карданд. Тавре мебинем, ин одамкушон ягон қоидаи ҳарбро риоя намекарданд ва содир намудани ваҳшоният дар пеши чашми мардум барои онҳо як вақтхушӣ пиндошта мешуд. Дар ҳоле ки ҷонибҳои мухолиф асирони низомиро ҳеҷ гоҳе ба қатл намерасонанд. Зеро қоидаи ҷанг чунин аст. Аз ҷониби дигар, магар мусулмон қодир аст, бародари мусулмони худро ба чунин ваҳшонияте ба қатл бирасонад? Дар ин ҷо боз ҳам авомили бадбинонаи миллӣ аз ҷониби ин саҳрогардони ваҳшӣ буруз кардааст. Зеро кушташудагон ба ҷуз генерал, дигарон ҳама форсзабонон буданд.
Ваҳшонияти дигари Усома бин Лодан дар муқобили форсҳо ин буд, ки бо дастури ӯ ва раҳбарии ҳомиёнашон яке аз фарзандони фарзонаи миллати тоҷик Аҳмадшоҳи Масъуд ба шаҳодат расид. (Лутфан, маълумотҳоеро, ки хабаргузории "Антен-2"-и Фаронса соли 2001 пахш карда буд, ба ёд биёред!) Ин девону дадон, ки аз  тоифаи лашкари аҳриманист, ба хотири симу зар як Муҷоҳиди роҳи ҳақро аз пой даровард ва як амали интиқомҷӯёнаи дигареро дар ин сарзамин анҷом дод. Аҳмадшоҳ, ки аслан таассубе нисбат ба ягон қавму миллате надошт, ҳаргиз фикр намекард, ки лашкари ҷаррори Усома ӯро ба қатл мерасонад. Бо он ки Аҳмадшоҳи Масъуд сипаҳсолоре номовар буд, ҳатто мулло Умар душмани ҷонии ӯ дар рӯзи маргаш ба азо нишаст ва аз шаҳодаташ изҳори таассуф карда буд. Аммо қалби сангини ин одамкушони саҳроӣ баракс об хӯрд ва дар пайи интиқоми дигаре шуданд. То замоне ин тоифаи бо ном "муҷоҳидон"-и саҳроӣ ҳастанд, дар кишваре аз мусулмонон амну осоиштагӣ нахоҳад буд. Ҳамин усомаҳо буданд, ки ба хотири ба даст овардани симу зар бо амалҳои нангини худ дини мубини исломро дар пеши чашми оламиён чун дини террорист муаррифӣ карданд ва бо аъмоле зишт тамоми ҷомеаи ҷаҳониро алайҳаш ба шӯр оварданд.
Дар саросари хоки Афғонистон арабҳое, ки худро "муҷоҳид" эълон кардаву гӯё "ҷиҳод" мекарда бошанд, ҳамон муҷримине ҳастанд, ки дар ватанашон ҷиноёти ваҳшиёнае содир карда, ба Афғонистон панаҳ бурдаанд. Усомаву Хаттобу Завоҳириву Ҷавоҳирӣ кӯр бародари каланд, ки аз ноилоҷӣ даст ба "ҷиҳод" задаанд, зеро роҳи бозгашт ба ватанашонро дигар надоранд. Ин воқеиятест, ки наметавон онро такзиб кард ва дар ин бора расонаҳои хабарии Афғонистон матолиби зиёде  пахш намудааст.

Фирдавсии ватанхоҳро кофир хонданд
Араб ҳамеша дар муқобили форсзабонон даст ба ваҳшоният задааст ва гоҳе ҳам тавонистааст фарҳангу адабу муқаддасоти созандаи ин миллати бузургро несту маҳв намояд. Замоне буд, ки аз ҷаҳолати араб ва қавмҳои бодиянишин дунёи рӯшан дар чашми ирониён тира гашт ва ин нуктаро Фирдавсии бузургвор бо сӯзе аз дил тасвир карда, ки барои насли ориё насиҳате ва роҳнамое мебошад. Ва арабу арабмаобҳо вақте ин мисраҳоро мешнаванд, бо дастгирии ҳомиёни диндорашон Фирдавсиро кофир ҳукм мекунанд ва аз паи маҳваш мешаванд. То имрӯз мутаассибони мо Фирдавсиро ба хотири он ки тирагиҳои фалсафаи арабро кушудааст ва сабаби бадбахтии ирониёнро маҳз арабу фалсафаи араб донистааст, чашми дидан надоранд. Фирдавсӣ гуфта буд:
Чу бахти араб бар аҷам чира гашт,
Ҳама рӯзи ирониён тира гашт.
Ҷаҳонро дигаргуна шуд расму роҳ,
Ту гӯӣ дигар натобад маҳру моҳ.
Зи май нашъаву нағма аз чанг рафт,
Зи гул атру маънӣ зи фарҳанг рафт.
Адаб хор гашту ҳунар шуд вубол,
Бибастанд андешаро пару бол.
Ҷаҳон пур шуд аз хӯӣ аҳриманӣ,
Забон меҳр варзидаву дил душманӣ.
Кунун беғамонро чӣ ҳоҷат ба май,
Каронро чӣ суде зи овои най.
Ки дар базми ин ҳарзагардони хом,
Гуноҳ аст дар гардиш ороем ҷом.
Ба ҷое, ки хушкида бошад гиёҳ,
Ҳадар додани об бошад гуноҳ.
Чу бо тахти минбар баробар шавад,
Ҳама ном Бӯбакру Умар шавад.
Зи шири шутур хӯрдану сусмор,
Арабро ба ҷое расидаст кор.
Ки тоҷи каёнро кунад орзу,
Тфу бар ту эй чархи гардун тфу.
Дареғ аст Ирон, ки вайрон шавад,
Куноми палангону шерон шавад.
Барои марги саҳроие, ки боиси бадбахтиву сияҳрӯзии мо гардидааст, гиря кардан гуноҳест нобахшиданӣ. Ва панди пири хирад Фирдавсиро ҳамчун роҳнамову роҳкушо бояд истифода бурд!

Ибодуллоҳи Оқилпур

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97