Бозор Собир: Ленинободиҳо миллат сохта натавонистанд, инҳо ҳам наметавонанд, агар…

Сиёсат 06.04.2011 08:52

Сафорати Америка пункти контролии ҳукумат

Чаро матбуоти ифротӣ баста ва фаъолияти ҳизби наҳзати исломӣ боздорӣ нашуд?

JuhudiyatАмерика демократияи бофтаю тофтаашро дастак карда, нагузошт. Чунки сафоратхонаи Америка, сафоратхона не, пункти контроли ҳукумати ҷумҳурист. Ва ташкилоти ба истилоҳ байналмилалиаш ҳама шабакаҳои маркази ҷосусии СРУ. Ва Фонди Сорос ва Фонди Оғохон мустақиман бо пули ҳамин маркази ҷосусӣ таъмин карда мешаванд.

Чаро сафорати Америка эътироз кард? Чунки идеализм ҳамчун сионизм иттифоқчии асосии империализм мебошад. Инҳо муштарак бар СССР пирӯз шуданд ва бист сол аст, ки мағз мешӯянду мағз мехӯранд, ки мо СССР-ро фаромӯш кунем. Ва мошини мағзу майнашӯии инҳо асосан дин аст. Бинобар ин, динро ҳамчун ҳариқу сӯхтор авҷу аланга медиҳанд ва ифротгарии масҷиду муллоро демократия мешуморанд. Бинобарин олиму нависандаю журналистони сионист ҳама риш сабзонда, моро ба ришмонӣ шерак мекунанд. Ва шахсони намоёнро бо тақаллуб харида ба ҳаҷ мефиристанд, ки дигарон шерак шаванд. Бинобар ин, ҳатто дар Майдони Сурх серков сохтаанд, ки шабу рӯз зангӯлаю ноқус мезанад. Бинобар ин, Путину Медведев дасту салиби попҳоро мебӯсанд. Бинобар ин, ба сионисти гузаро, хоини ҷаҳони меҳнаткашон, Михаил Горбачев орден медиҳанд. Ва бинобар ин, дар ҳар ҷумҳурие хуҷаини аввал сафири Амрикост. Ва сафоратҳои дигар ҳам бо ӯянд. Ҳатто сафоратҳои Афғонистону Эрон низ дингароянду бас.

Аслан аз сафоратҳои шарқӣ манфиати қазоие ба назар намерасад. (Албатта, бидуни сафорати Хитой). Чунки давлатҳояшон саноатӣ нестанд, ақибмондаанд. Аз онҳо чӣ мегирӣ. (Аз Эрон - дин ва почаи мурғ. Аз афғон - дин ва афъюн, аз турк-чарчинворӣ ва чилим. Аз араб-занборагӣ. Аз Ҳиндустон-гадоӣ. Бар зами ин, бо "дипломат"- ҳои сиёҳсӯхтаашон шаҳрро сиёҳ мекунанд. Сиёҳсӯхтаҳои худамон бас аст.

Воқеан, дар мағзу майнашӯӣ бисёр муваффақ шудаанд. Модом, ки муаллимон, шоирону нависандагон, ходимони илму санъату фарҳанг ҳаҷ мераванд, дигар ҳоҷати гап нест. Метавон гуфт, ки майнаи тоҷикон бо собуни сиёҳ шуста шудааст. Маълум мешавад, ки дар ин ҷумҳурӣ ҳеч кас атеист набудааст. Ҳеҷ кас коммунист набудааст. Ҳеҷ шахси замонавие набудааст. Вагарна ба ин зудӣ муваффақ намешуданд.

Зимнан, ман дар иншооти ҷумҳурӣ саҳми Америкаро надидам. Фақат мешунавам, ки пул қарз дод ё қарз медиҳад. Гӯё ҷумҳуриро мехарида бошад. Дар маориф ҳам саҳме надорад. Он бойбачаҳоеро, ки бурда мехононад, фардо сионисти ашаддӣ бармегарданд, бадтар аз яҳудиён, бадтар аз ҳар гуна террорист.

Яҳуд ҳамаро забт кард, ба ғайр аз Хитой

Juhudiyat_02Инак, хушбахттарин халқи ҷаҳон яҳудист. Қасри сафедро забт кард. Кремлро забт кард. Бундестагро забт кард… Ва тамоми аҳолии ҷаҳони сеюм мардикори яҳудист. Тамоми ҳавопаймои дунё -шаҳр ба шаҳр, мамлакат ба мамлакат, қитъа ба қитъа яҳудӣ мекашонад. Ба ҳар куҷо, ки наравад ҳазору як охури эмхӯрӣ, чарогоҳ, ҳатто гӯристон дорад. Аммо дар ҳеҷ соҳа кор намекунад, танҳо судхорӣ, хуни миллатҳоро мемакад, ҳамчун хунафсо.

Хулас, империализм яҳудиро бениҳоят хушбахт кард. Дар сари роҳи ин ангал бидуни Девори Хитой дигар монеа нест. Ва бидуни Хитой илоҷи инро наметавон ёфт.

Милитсия политсия шуд, Россия - Эрусалим

Акнун дар минтақа протсеси америкоикунонист. Москваи кунунӣ аз шаҳрҳои Америка фарқ надорад, ҳама рекламаҳо ҳамон, лавҳаҳо ҳамон, афишаҳо ҳамон… Ва матбуоту радиою телевизион пуропур аз калимаю ибораҳои англисӣ (чуноне ки газетчиҳои тентаки мо, забони тоҷикиро эронӣ мекунем гуфта, хандахариш карда истодаанд). Милитсия ҳам бо ташаббуси бевоситаи Жириновский политсия шуд. Дигар рус забонашро намефаҳмад. Оқибат забони русӣ як жаргон хоҳад шуд. Ва ин америкакунонӣ аслан ҷуҳудкунонист, ки то ба мо хоҳад расид. Медведев беҳуда намегӯяд, ки "Пусть в России вместо русских будут евреи и негры". Ва ин Медведев (Мендаль), Горбачев (Гайдар), Путин (Шаломов), Жириновский (Эдельштейн)… ба канисаи яҳудиён рафта қалпоқ зада мегарданд ва дару девори Эрусалимро бо забон мелесанд.

Халқро ғажд кардан ҷиноят аст

Нажоди сомӣ (симит) ҳазору анд сол аст, ки бо нажоди ориёнӣ меҷангад. Араб дар Эрон ин нажодро барҳам дод. Ва ҷуҳуд дар Аврупо бо ин нажод махлут шуда, душмани хонагӣ гардид. Англисро бо немис, немисро бо рус ҷанг андохта нобуд мекунад. СС-иҳо ҳаминҳо буданд, ки дар Полша, Югославия, Белоруссия… ориёнӣ қир мекарданд. Нажоди ориёниро дар симои немис-фашист гуфта бадном карданд. (Мавриде, ки ба эътирофи умум миллатгаро ва нажодпарасти ашаддӣ танҳо ва танҳо ҷуҳуд аст).

Нишони муқаддаси ориёнӣ-свастикаро ҳамчун доғи лаънат бар пешонии немис часпонданд. Зеро бидуни нажоди сафедпӯсти ориёнӣ дигар рақиб надоранд.

Воқеан, манъ кардани издивоҷ бо хориҷиён қарори оқилона аст. Алалхусус бо шарқиҳо, қафқозиҳо ва яҳудиён. (Мутаассифона, хеле ҷавонон бо яҳудиёни аврупоӣ издивоҷ кардаанд). Ба истиснои тоҷикони Афғонистон, русҳо ва умуман славянҳои асил, немисҳою англисҳои асил, ки аз мо ориёнитаранд. Ҳамчун турку тотору ҷуҳуд, ки аз ҳисоби юнониёну славянҳо хеле хӯшсимою сафедпӯст шудаанд. Ҳатто ҷуфтҳои номуносибу номувофиқро аҳд бастан дуруст нест. Яъне, миллатро селектсия (селекция) бояд намуд. Халқи болобаланди хушсимо мояи ифтихор аст. Халқро ғажд кардан ҷиноят аст, ҳатто хонаводаро.

Сафорати Эрон аз ин ҷо то Москва озарбойҷонак аст

Дубора дар мавриди сафорати Эрон. Ризошоҳи Паҳлавӣ форсгарою ориёигарои таърихи ахири Эрон буд. Баъд аз Сомониён ҳеҷ шоҳу амире ҳамчун ӯ Аҷамро зинда ва аз гарду ғубори арабтозию турктозӣ пок накардааст. Куруши Кабирро бо шукӯҳи тамом ҷашн гирифт. Бар оромгоҳи Фирдавсӣ, Ибни Сино, Хайём, Боботоҳир… мақбараҳои боҳашамат барпо намуд. Бунёди вожаҳои форсиро ниҳод. Таърихи сеҷилдаи "Эрони бостонӣ", "Авасто", "Корномаи Ардашери Бобакон", "Гаршоспнома", "Хусравнома"…. Ва садҳо ҷилд осори ҳахоманишу сосониро интишор дод, бо садҳо анҷуману ҷашну ҷашнвора. Ва дар ин бозсозии ӯ, охундони озарбойҷонию туркман худро ҳақиру бечора эҳсос мекарданд. Бар ин бино, дингароиро пеш гирифтанд. Ошкорою пинҳонӣ тӯҳмат мезаданд, ки шоҳ зардуштист. Ниҳоят тазоҳурот бархост, зеро шаст дарсади мардуми Эрон бесавод буд. Ва ин издиҳому фавҷи бесаводу бешуур бо охундҳо пайвастанд.

Хулоса, бо ҳамин минвол туркҳо ғалаба карданд. Ва инак, сӣ сол аст, ки Эрон дубора зери истилои турку арабҳои хонагӣ қарор дорад. Ва сӣ сол инҷониб, хоҷаю хуҷаини густурда ҳаминҳоянд. Ман аз Москва то ба Душанбе сафири эроние надидам, ки форс бошад. Ҳама сирф озарбойҷонианд ва сафоратхонаашон озарбойҷонак. Ба унвони адабиёти Эрон музахрафоти динӣ нашр мекунанд. Дар кӯчаю хиёбон чодарҳои сиёҳашонро намоиш медиҳанд. Ва дар атрофашон қаламфарсоёни мутаассиби васвосиро ҷамъ овардаанд. Ин сафоратхона ба он Эрони форсие, ки мо аз дилу ҷон дӯст медорем, ҳеҷ муносибат надорад.

Зоҳиран ҳар як тоҷик патриот аст. Дар бораи ватану ватандорӣ ва миллату миллатдорӣ чунон гап мезанад, ки лабаш ҳамчун лаби шутури маст кафк карда, аз чашмонаш шарора мерезад. Вале ботинан маҳалчии гузарост, хоҳ олим бошад, хоҳ омӣ. ТоҷикуТоҷикистони ӯ маҳз маҳали худаш аст. Патриотиаш сунъӣ, сохтаю дуруғ аст. Барои чӣ? Чунки ҳукуматаш ҳамин тавр аст. Қаблан дар минбарҳои ҳукуматӣ Ленинободиҳо ҷавлону ҷилва мекарданд. Вале на миллат сохта тавонистанд, на ҷумҳурии солим. Ва акнун дар ҳамон минбарҳо кӯлобиҳо ҷавлону ҷилва мекунанд. Ва аввалсуханашон ваҳдату миллат аст. Вале мусаллам аст, ки ҳеҷ миллату ваҳдате сохта наметавонанд. Чунки ҳама аз якҷоянд...

Агар мақсаду маром дар ҳақиқат миллати якпорчаю яклухт ва ҷумҳурии ҳамагонӣ сохтан бошад, вазифаҳоро дар миёнаи ҳамаи маҳалу ноҳияҳо баробар тақсим кардан даркор, аз аввал то ба охирин. Он гаҳ на шиори ваҳдату оштӣ лозим аст ва на ҳангомаи миллатдӯстӣ. Ҳамааш худ ба худ мешавад ва хеле олӣ.

Бозор Собир 15.03.2011, USA

Хоҳишмандам: Америкаро- Амрико, Россияро - Русия, Германияро -Олмон, Полшаро -Пуланд, Эронро -Ирон …накунед.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97