Раиси Палатаи қонунгузории Порлумони Узбекистон ба Тоҷикистон сафар кард

Хабари хуб 20.11.2018 08:51

Шоми рӯзи гузашта Раиси Палатаи қонунгузории Олиӣ Маҷлиси Ҷумҳурии Узбекистон Нурдинҷон Исмоилов  бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад.

Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов меҳмони олиқадрро дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Азизӣ, Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ Олим Салимзода ва масъули раёсати ташрифоти давлатии вазорати корҳои хориҷӣ истиқбол намуданд.

Дар доираи сафари расмияш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Палатаи қонунгузории Олиӣ Маҷлиси Ҷумҳурии Узбекистон Нурдинҷон Исмоилов  бо Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров мулоқот менамояд. 

Ҳамчунин дар назар аст  Раиси Палатаи қонунгузории Олиӣ Маҷлиси Ҷумҳурии Узбекистон Нурдинҷон Исмоилов  аз Осорхонаи миллӣ, толорҳои «Кохи Наврӯз», корхонаи саноатии «Ноқилии Талко», неругоҳи барқи обӣ ва обанбори Норак, китобхонаи шаҳри Норак, боғи дӯстии Алишери Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ дидан намояд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97