6 декабр ҳамоиши СААД дар Санкт Петербург баргузор мешавад

Хабари хуб 12.11.2018 12:14

Ҳамоиши руасои ҷумҳури кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ 6 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Санкт Петербурги Русия баргузор мешавад.

Бар асоси изҳороти Нурсултон Назарбоев раиси ҷумҳури Қазоқистон , дар ин ҳамоиш раисони ҷумҳури узви СААД хулосаи ниҳоияшонро дар мавриди дабири кули ҷадиди ин созмон ироа хоҳанд кард.

Вай дар идома афзуд, Арманистон мехоҳад ба ҷои худ номзади дигар ро пешниҳод кунад.

Аммо Назарбоев гуфт ки то анҷоми раҳбарии намояндаи Арманистон як соли дигар боқӣ мондааст ва тайи ин муддат дабири ҷадид ҳатто имкони боздид аз ҳамаи кишварҳои узвро пайдо нахоҳад кард.

Раиси ҷумҳури Қазоқистон изҳор дошт: аз ин лиҳоз ҳамаи руасои ҷумҳури узви СААД авло медонанд ки намояндаи кишвари Белорус дабири кулли ҷадиди ин созмон интихоб шавад. Тибқи ойиннома ва тартиби алифбои русӣ пас аз Арманистон Белорус қарор гирифтааст.

Ин ҷаласа дар ҳоле баргузор мешавад, ки ахиран Юрий Хачатуров намояндаи Арманистон бо дархости мақомоти кишвараш аз мақоми дабири кулли СААД барканор шуд ва муовинаш Валерий Семериков иҷрокунандаи вазифаи дабири кулл таъин гардид.

 

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97