Назарсанҷӣ

Дар кадом мактаб мехоҳед фарзандатон таҳсил кунад?

Додгоҳ: Ҳаҳ ба ҷониби Ҷалолиддин аст

Хабари муҳим 06.08.2008 22:27
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ даъвои Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи пешини вазорати умури дохилаи Тоҷикистонро қонеъ кардааст. Тибқи қарори додгоҳ, вазорати умури дохилаи Тоҷикистон муваззаф аст, ҷаноби Садриддиновро дар симмати пешинаш, яъне сухангӯи ин вазоратхона барӯарор кунад. Моҳи майи соли ҷорӣ Садриддинов аз симмати сухангӯи ин вазорат ва дар маҷмӯъ аз ниқодҳои интизомии кишвар хориҷ шуда буд. Салия Исмоилова, судяи ин парванда гуфтааст, ки дар муҳокимаи шикояти Садриддинов дар додгоҳ мабнӣ бар барканориии "Ғайриқонунии" вай аз вазифаи сухангӯи вазорати кишвар, истидлоли мақомоти вазорати кишвар барои ин амр пазируфта нашудааст. Маҳмадназар Солеҳов, вазири умури дохилаи Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ изҳор дошта буд, ки рафтори Ҷалолиддин Садриддинов "муғойир ба низомномаи ахлоқи корманди милисаи кишвар буда ва вазорат аз ҳаққи ба муҷозот кашидани ин шахс бархурдор аст". Ҷалолиддин Садриддинов иттиқомоти масъулони вазорати номбурдаро, мабнӣ бар тамошои сайтҳои шаҳватангез аз сӯи вай, рад карда ва гуфтааст, ки теъдоди зиёде аз кормандони вазорат ба компутери хидматии вай дастрасӣ доштаанд ва мушаххас нест, ки кадоме аз онҳо ба тамошои сомонаҳои дорои маводи шаҳватангез машғул шудааст.
©2008 - 2018 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97