Назарсанҷӣ

Дар кадом мактаб мехоҳед фарзандатон таҳсил кунад?

Ду нафар бо гуноҳи қатли Шурпоев маҳкум шуданд

Хабари муҳим 31.07.2008 00:56

Додгоҳи Олии Тоҷикистон Масрур Ятимов ва Наҷмиддин Муҳиддиновро, ки ба қатли Илёс Шурпоев, хабарнигори шабакаи аввали телевизиони Русия айбдор шинохта шудаанд, ба мӯҳлати 21 сол маҳкум ба зиндон кардааст.

Додгоҳ ҳукм кардааст, ки ин ду фарди гунаҳкор дар зиндони дорои низомаш сангин нигаҳдорӣ ва моликияташон мусодира шавад.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни муҳокима исбот шудааст, ки ин ду фарди гунаҳкор шаби 21 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Маскав Шурпоевро дар хонааш кушта ва аз манзили вай соати тиллоӣ, компютери «ноутбук», телефони мобил ва ба маблағи 150 ҳазор рубли русиро ғорат карда, хонаро оташ мезананд.

Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, афроди гунаҳкор Ятимов ва Муҳиддинов ба ҳангоми содир кардани ин ҷиноят маст ва нашъаманд будаанд.

Бояд гуфт, ки таҳқиқоти додгоҳӣ муайян кардааст, Масрур Ятимов, ки муҳоҷири корӣ дар Русия будааст, рӯзи 12 март бо Илёс Шурпоев шинос мешавад. Ва ин шиносоӣ ба хотири муроқибати ҷинсӣ сурат мегирад, ки минбаъд идома меёбад. Рӯзи 21 март Ятимов ва Муҳиддинов ба хонаи Шурпоев ба хотири ҳамҷинсбозӣ меоянд. Пас аз иҷрои амали номатлуб миёни меҳмонону мизбон даъво бармехезад ва меҳмонон Шурпоевро хафа карда мекушанд. Баъдан хонаашро ғорат карда, онро оташ задаанд.

Зимнан, пас аз як ҳафтаи қатли хабарнигори рус дар Маскав мақомоти интизомии Тоҷикистон бо дархости ҳамтоёни Маскавиашон афроди айбдор Ятимов ва Муҳиддиновро дар зодгоҳашон боздошт карданд.


©2008 - 2018 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97