Созмонҳои байналмилалӣ ва васоити ахбори мустақил

Хабари хуб 26.02.2010 16:33

Дар Маркази матбуотии ҷумҳуриявии ТҶ "Иттилоот ва муошират" дар мавзӯи "Дастгирии созмонҳои байналмилалӣ ва донорҳо баҳри рушди васоити ахбори мустақили Тоҷикистон" мизи гирд баргузор гашт.

Дар ин мизи гирд намояндагони созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ба монанди Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Институти "Ҷомиаи кушода"-и Бунёди мадади Сорос -Тоҷикистон, Оҷонсии швейсарӣ оид ба рушд, Намояндагии Коммисияи Аврупоӣ, Хазинаи Авруосиё, намояндагони дипломатии ИМА, Британияи кабир ва Олмон дар Тоҷикистон ҳузур доштанд. Намояндагони кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ дар бораи мушкилоти воситаҳои ахбори мустақили Тоҷикистон ва роҳу василаи дастгирӣ ва рушд додани онҳо ибрози андеша намуданд.

Аз ҷониби дигар, намояндагони расонаҳои мустақили Тоҷикистон доир ба мушкилоти мавҷуда дар кори воситаҳои ахбори мустақили кишвар ва дастгириву кӯмаки созмонҳои байналмилалӣ изҳори ақида карда, роҳҳои таҳкимбахшӣ ва ҳамкории бештари судмандро мушаххасан пешниҳод карданд.

"Миллат"

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97