Нигаронӣ аз таъқиби рӯзноманигорон

Хабари хуб 26.02.2010 16:32

Иттиҳодияи рӯзноманигорон ва Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон дар як баёнияи муштарак аз Додситонии кул ва ниҳодҳои дигари интизомии Тоҷикистон хостаанд, ки ҳолатҳои таъқибу озори ду рӯзноманигорро мавриди баррасиву таҳқиқ қарор диҳанд.

Дар ин баёния, ки рӯзи сешанбе, 23-уми феврал интишор ёфт, ин ду созмон бо ибрози нигаронӣ аз мавридҳои озору азияти кормандони расонаҳо дар Тоҷикистон, ёдовар шудаанд, ки таъқиби рӯзноманигорон ба хотири истифода аз ҳаққашон ба озодии баён бо мавозини ҳуқуқии миллӣ ва байналмилалӣ мухолифат дорад.

Дар баёнияи ин ду созмон омадааст, ки Маҳдӣ Собиров, узви Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон, тайи се моҳи ахир ба далели интишори назарот ва ақоиди шахсияш дар матбуъот дар бораи зарурати ислоҳи артиши миллӣ мавриди таъқиби гурӯҳе аз афроди номаълум қарор гирифтааст.

Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки моҳе қабл аз ин, Абдулмӯъмин Шерхонов, хабарнигори родиюи "Озодӣ", мавриди таҳдиду таъқиби як мақоми коммисарияти низомии ноҳияи Восеъ, дар ҷануби Тоҷикистон, қарор гирифтааст.

Созмонҳои рӯзноманигорӣ сабаби таъқиби оқои Шерхоновро чопи мақолае аз вай дар нашрияи "Миллат" дар бораи марги Комрон Тешаев, сарбози яке аз воҳидҳои низомӣ, хондаанд.

Маҳдӣ Собиров ва Абдулмӯъмин Шерхонов дар номаҳои худ ба созмонҳои рӯзноманигорӣ ва мудофеъи ҳуқуқи башар навиштаанд, ки аз вазъи амниятии худ ва наздиконашон бағоят бимноканд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97