Кашидани хатти барқ ба Афғонистон шурӯъ шуд

Хабари хуб 19.02.2010 22:20

Муҳаммад Исмоилхон, вазири обу энержии Афғонистон мегӯяд, тарҳи ҷадиди кашидани хутути интиқоли нерӯи барқ дар шимоли Афғонистон ба манзури интиқоли энержӣ аз Тоҷикистон оғоз шуд.

Вазири обу энержии Афғонистон баъд аз мулоқоти худ бо Эмомалӣ Раҳмон, гуфтааст, ки бо анҷоми ин тарҳ имкони истфода аз нерӯи барқи Тоҷикистон дар шаҳри Кобул ва ҷануби Афғонистон низ фароҳам хоҳад шуд.

Ҷаноби Исмоилхон рӯзе қабл бо Гул Шералӣ, вазири саноат ва энергетикаи Тоҷикистон дар маросими оғози кашидани хутути интиқоли нерӯи барқ бо зарфияти 220 киловат дар шимоли Афғонистон ширкат кардаанд.

Ӯ инчунин афзудааст: "Интизор меравад, ки ин хутути интиқоли нерӯи барқ дар муддати 10 моҳ анҷом шуда ва он мавриди истифодабарӣ қарор гирад. Ва бо оғози ин пружа ба шаҳри Кобул ва манотиқи ҷануби Афғонистон солиёна 300 ҳазор мегават нерӯи барқ интиқоол хоҳад ёфт."

Ба гуфтаи Вазорати обу энержии Афғонистон ин хутути интиқоли нерӯи барқ аз нерӯгоҳи "Сангтуда-1" оғоз шуда ва сармояи бунёди он танҳо дар Афғонистон беш аз 27 млн. доллар аст. Ва дар оянда бо оғози кори нерӯгоҳи "Роғун" интиқоли барқ тавассути ин хатти барқ, солона ба 400 ҳазор мегават нерӯи барқ афзоиш хоҳад ёфт.

Муҳаммад Исмоилхон мегӯяд, ки кашидани хутути интиқоли нерӯи барқ ба ҷануби Афғонистон барои Тоҷикистон имкон медиҳад, ки нерӯи барқи изофиро дар оянда ба Покистон ва Ҳинд низ интиқол диҳад.

Ба гуфтаи ин мақоми Афғонистон феълан мушкилоте дар ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Афғонистон дар арсаи нерӯи барқ вуҷуд надорад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97