Нигаронии ҲНИТ аз маъракаи интихоботӣ

Хабари хуб 19.02.2010 22:19

ҲНИТ рӯзи 15 феврал бо пахши як баёния аз нақзи қонуни интихобот аз сӯи мақомотҳои маҳалӣ интиқод кард. Дар изҳороти Шӯрои сиёсии ҲНИТ омадааст, аз рух додани ҳолатҳои қонуншикании ошкор ва фишору таъқиботи намояндагони ҲНИТ дар маҳалҳо сахт нигарон аст ва чунин ҳолат метавонад ба натиҷаи интихобот таъсири манфӣ расонад.

Аз ҳама муҳимаш ваъдаи Президентро дар бораи шаффофияти интихобот зери суол мебарад.

Дар ин баёния инчуни омадааст: Ҳодисаҳои қаблӣ, боздошти ду донишҷӯи мубаллиғро аз ҷониби корманди милисаи ноҳияи Сино ва пахши наворҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар шабакаҳои телевизиони Хуҷанд ва Исфара ва инчунин қонуншиканиҳои дигарро чандон ҷиддӣ нагирифтаем. Аммо ҳодисаи рӯзи 11 феврали соли 2010 дар шаҳри Ваҳдат рух дода ва дастгир кардани 4 нафар таблиғгарон ва номзади Маҷлиси маҳалӣ аз тарафи кормандони милиса дар шаҳри Кӯлоб ва нигоҳ доштани онҳо аз соати 13 то 19 дар боздоштгоҳ моро сахт нигарон кардааст. Ин амали ҳукуматдорон моро водор намуд, то ҳадде дар садоқати баъзе мақомоти давлатӣ ба қонунгузории кишвар ва ваъдаи Президент шак намоем.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97