Раддия ба раиси ҲСДТ

Хабари хуб 19.02.2010 22:18

15-уми феврал номзад ба вакилии МН МОҶТ аз ҳавзаи якмандатии Сино №4 ҷаноби Зойиров Р.Х ба ҳавзаи интихоботии Сино №4 барои додани баёноти расмӣ оид ба гуфтаҳои беасосаш дар нишасти матбуотӣ нисбати фаъолияти ҳавзаи номбаршуда даъват карда шуд.

Асос барои ин даъват он гардид, ки вақтҳои охир номзад ба вакилии МН МОҶТ ҷаноби Зойиров Р.Х дар нишастҳои матбуотии худ ба ғаразгӯиҳо нисбати ҳавзаи интихоботии Сино №4 бо истифодаи далелҳои беасос роҳ медиҳад. Барои тасдиқ маводҳои зерин асос шуда метавонанд. Дар нишасти хабарии Раҳматилло Зойиров, ки ҳафтаномаи "Миллат" аз 11-уми феврали соли 2010 зери сарлавҳаи "ҲСДТ аз нақзи қонунии интихобот шикоят дорад" чоп шудааст, омадааст: "Ба унвони мисол ӯ (яъне Зойиров Р.Х.) аз корзори интихоботии худ, ки дар ҳавзаи инфиродии 4-и шаҳри Душанбе ба унвони номзад дар интихоботи порлумонӣ сабти ном шудааст, ёдовар шуда гуфт, масъулини комиссияи ҳавзавии маҳаллӣ аз рақибаш Шермуҳаммади Шоҳиён, номзади ҲХДТ ҷиддан ҳимоят мекунад".

Гуфтаҳои ҷаноби Зойиров Р.Х. ягон асос надоранд, чунки дар ҳавза тибқи талаботи моддаи 14-и Қонуни конститутсионии ҶТ "Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" барои ҳамаи номзадҳо шароит ва фазои якхелаи солим, муносибати эҳтиромона фароҳам оварда шудааст, ки инро ҳар як номзад аз ин ҳавза ва интихобкунандагоне, ки дар вохӯриҳо ширкат доштанд, тасдиқ мекунанд. Аз забони ҷаноби Зойиров Р.Х. низ маротиба зиёд тасдиқи инро шунидаем ва то имрӯз аз тарафи он кас ягон эрод ё камбудӣ оид ба фаъолияти комиссия ворид нагаштааст. Мисоли дигар, дар ҳафтаномаи "Нигоҳ" аз 11-уми соли 2010 зери сарлавҳаи "Раҳматилло Зойиров: Ба демократ гузаштани интихобот умед дорам", омадааст:

"…Бубинед, ки дар ҷадвали вохӯриҳои номзадҳое, ки барои мо пешниҳод кардаанд, баъзе аз вохӯриҳо соати 10 нишон дода шудааст, вале соати 9 оғоз мешаваду ҳангоме мо меравем, алаккай тамом шудааст". Ин гуфтаҳои ҷаноби Зойиров Р.Х. асос надоранд. Дар ҳавзаи интихоботӣ 21-уми январ 5 нафар номзадҳо ба қайд гирифта шудаанд. Тибқи ҷадвали вохӯриҳо, ки онҳоро комиссияи ҳавзавӣ мегузаронад, 22-юми январ вохӯрии аввал гузаронида шуд. Ҷадвали вохӯриҳо ҳамон рӯз ба ҳар як номзад супорида шуд, ки дар он саршавии вохӯриҳо бо номзадҳо соати 16-00 муайян шудаанд. Бо назардошти ҷадвали мазкур то 15-уми феврал 9 вохӯрӣ бо номзадҳо баргузор гардид, ки ҳамаи онҳо дар соати 16-00 оғоз шудаанд ва дар ҳамаи ин вохӯриҳо ҷаноби Зойиров Р.Х. ширкат варзида баромад кард ва эшон аз ташкилу рафти ин чорабиниҳо ягон эрод нагирифтааст.

Ҳамаи ин исботи он аст, ки номзад ба вакилии МНМОҶТ ҷаноби Зойиров Р.Х дар нишастҳои матбуотии худ нисбати фаъолияти комиссияи ҳавзаи Сино №4, ки ба ҳайати он қариб намояндагони ҳамаи ҳизбҳо шомиланд, ғаразгӯйӣ намуда, барои паст задани шаъну эътибори кори ҳавза аз озодии воситаҳои ахбори омма сӯъистифода мебарад, ки ин амал тибқи банди 14-и моддаи 39-и Қонуни конститутсионии ҶТ қонун "Дар бораи интихобот" манъ аст. Вайрон намудани талаботи дар ин модда пешбинишуда барои бекор кардани қарор оид ба бақайдгирии номзад метавонад асос шавад.

Ғайр аз ин, ҷаноби Зойиров Р.Х. дар баромадҳои худ дар назди интихобкунандагон суханҳои беҷо ба монанди, "парлумон қонунҳои бад қабул мекунад", "парлумон мақоми дастнигар шудааст" ва ғайраро истифода мебарад, ки барои сиёсатмадор ва ҳуқуқшиноси варзида бояд раво набошанд.

Дар ҷаласаи ҳавзаи интихоботии Сино №4 аз номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон ҷаноби ҷаноби Зойиров Р.Х. эҳтиромона хоҳиш карда шуд, ки ба шаффофу озоду демократӣ гузаронидани маъракаи интихоботӣ халал нарасонад ва бо суханҳои носанҷидаю беасос интихобкунандагон ва ҷомеаро дар иштибоҳ наандозад.

Комиссияи ҳавзаи интихоботии

Сино №4 оид ба интихоботи вакили МНМОҶТ, А. Ҳабибов

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97