Мизи гирди ҳомиёни воқеии бонувон

Хабари хуб 11.02.2010 16:41

Рӯзи 4 феврал дар шаҳри Маскави Федератсия Русия маҳфили муаррифии созмони навтаъсиси "Ассотсиатсияи байналмилалии бонувони муҳоҷир", ки дар моҳи январи имсол дар Вазорати адлияи Тоҷикистон сабти ном шудааст, баргузор гардид.

Муассисони ин созмон Бунёди ҷамъиятии "Преспектива+", СҒД "Лигаи занони ҳуқуқшинос"-и Тоҷикистон, "Фонди Тоҷикистон" дар Русия, Анҷумани гуфтугӯ бо созмонҳои муҳоҷирати ФР (Форум переселенческие организации РФ), СҒД "Маркази дастгирӣ ва ҳимояи занону кӯдакон"-и Тоҷикистон мебошанд.

Дар нахустин мизи мудаввари ин Созмон дар шаҳри Маскав, ки намояндагони Созмонҳои ғайриҳукуматии Тоҷикистон ва Русия, сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия, Вазорати Корҳои Дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия, диаспораҳои тоҷик, расонаҳои хабарии Русия ва Тоҷикистон, пажӯҳишгарони масоили муҳоҷират ва муҳаққиқони муҳоҷирати бонувон ширкат доштанд, барнома ё стратегияи фаъолияти ин созмон мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Дар ин мизи гирд гуфта шудааст, ки мақсади асосии Ассотсиятсия кӯмак барои амалӣ кардани ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, иҷтимоӣ ва озодии занон ва хонаводаҳои онҳо мебошад.

Яке аз дастандаркорони ин мизи гирд ва муассони ин Ассотсиатсия бону Ойниҳол Бобоназарова дар ин бора ба нашрияи "Миллат" хабар дод ва гуфт, умед доранд, ки ин созмони нав барои расидагӣ ба мушкилоти бонувони муҳоҷир ва амалӣ кардани барномаҳои назариявӣ ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқи занону кӯдакони муҳоҷир мусоидат хоҳад кард.

Ҷузъиёти мавзӯъро дар шумораҳои баъдӣ пайгирӣ кунед.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97