Тасмим тағйир нахоҳад хӯрд

Хабари хуб 11.02.2010 16:39

Оқил Оқилов сарвазири Тоҷикистон дар посух ба Шавкат Мирзиёев сарвазири Узбакистон дар мавриди нигарониҳои Узбакистон аз сохтмони НБО-и Роғун гуфтааст, Тоҷикистон тасмими худро тағйир нахоҳад дод. Номаи ҷавобии сарвазири Тоҷикистон бино ба иттилои дафтари матбуотии раёсати ҷумҳур рӯзи шанбе ба сарвазири Узбакистон ирсол шудааст.

Сарвазири Узбакистон Шавкат Мирзиёев зимни як нома ба унвони сарвазири Тоҷикистон бо ибрози нигаронии кишвараш аз сохтмони НБО-и "Роғун" гуфта буд, ки дар сурати сарфи назар шудани мавқеи Узбакистон, ин кишвар маҷбур хоҳад шуд, ба созмонҳои байналмилалӣ муроҷиат кунад. Оқил Оқилов ба тағйирнопазирии мавқеи Тоҷикистон дар роҳи бунёди НБО-и "Роғун" таъкид карда гуфтааст, лоиҳаҳои Тоҷикистон алайҳи ҳеҷ кишвар нест ва дар ин росто бо назардошти манофеи кишварҳои минтақа мо омода ҳастем ҳамкорӣ бо ҳамсояҳои худро пеш барем.

Инчунин афзудааст, ду сол қабл Тоҷикистон расман аз кишварҳои минтақа дархост карда буд, ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар чаҳорчӯби консорсиюми байналмилалӣ таҳти сарпарастии СММ ҳамроҳ шаванд. Аммо ҳатто ба тақозои дубора ҷониби Узбакистон посух надод. Дар давоми номаи Сарвазири Тоҷикистон омадааст, Бонки ҷаҳонӣ дар масъалаи бехатарии сарбанд ва масоили зистмуҳитии НБО-и Роғун бо вазоратхонаҳои зирабти Узбакистон санҷиш анҷом дод ва дар ин санҷиш ҳамаи паҳлӯҳои сохтмони нерӯгоҳ ба назар гирифта шудааст. Ба қавли ӯ, ҳозир мавқеи ҷиддии Тоҷикистонро дар бахши ҳамкориҳои минтақавӣ оид ба масъалаи баҳрабардорӣ аз захираи обу энержии минтақа ҷомеаи ҷаҳонӣ пуштибонӣ мекунад.

Бо назардошти чанд масъалаи мавҷуд дар Тоҷикистон ҳукумат ба ин қарор омадааст, ки сохтмони нерӯгоҳи Роғунро идома диҳад. Аввал, мардуми Тоҷикистон дар фасли сармо ба мушкили энержӣ рӯбарӯ мешаванд ва шароити одӣ ҷиҳати таъмин намудани сокинони кишвар бо барқ вуҷуд надорад, зеро ба таври сунъӣ интиқоли барқ аз хориҷи Тоҷикистон қатъ карда мешавад. Набуди захираи газу нафт ва ҳам мушкили интиқоли барқ аз кишварҳои дигар ба Тоҷикистон водор кард, ки тарҳи сохтмони нерӯгоҳи Роғун рӯи даст гирифта шавад. Дувум, ҳамчунон дар замони Шӯравӣ ва ҳам дар солҳои ахир борҳо масъалаи сохтмони Роғун аз дидгоҳи амнияти экологӣ аз ҷониби ширкатҳои байналмилалӣ (ахиран ширкати олмонии "Lahmeyer" бо фармоиши ширкати "Русал") мавриди санҷиш қарор гирифтааст ва нишон додааст, ки нигарониҳои кишварҳо дар мавриди сохтмони ин нерӯгоҳ беасос аст, овардааст дар посухаш Оқил Оқилов.

Сарвазири Тоҷикистон дар номаи худ таъкид кардааст, ки обанборҳои Тоҷикистон дар густариши майдонҳои кишт ва рушди пахтакории Узбакистон нақши калидӣ доранд. Бо захира кардани об дар обанборҳо Тоҷикистон шароитро барои обёрӣ намудани заминҳои Узбакистон фароҳам мекунад. Оқил Оқилов инчунин ишора ба он кардааст, агар обанборҳои Тоҷикистон набошад, Узбакистон дучори зарари ҳангуфт хоҳад шуд.

Дар поёнии номааш Сарвазири Тоҷикистон гуфтааст, тамоми масоили марбут ба вазъи экологӣ, тавозуни тақсими об ва масоили фаннии нерӯгоҳ ҳамаҷониба ба назар гирифта шудааст ва татбиқи чунин тарҳ ҳаққи ҳуқуқии ҳар як кишвари мустақил буда, мутобиқи қавонини байналмилалӣ амалӣ хоҳад шуд.

Оқил Оқилов инчунин изҳори омодагӣ кардааст, ки ҳукумати Тоҷикистон барои баррасии тамоми мушкилот дар атрофи тарҳи НБО-и Роғун бо ҳайати баландпояи Узбакистон дар Душанбе музокира кунад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97