Боздошт ва раҳоии таблиғгарони ҲНИТ

Хабари хуб 11.02.2010 16:38

Ду таблиғгари ҲНИТ аз ҷониби як корманди интизомӣ боздошт шуда, танҳо бо дахолати масъулини ҳизб раҳо шудаанд. Таблиғгарони маъракаи интихоботии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ҳангоми тақсим кардани варақаҳои интихоботии ҳизб, як корманди шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино боздошт кардаааст.

Ба гуфти Қосиддин Воҳидхон, раиси ситоди интихоботии ҲНИТ, ду нафар аз таблиғгарони ҲНИТ, Бибиробия Сангинова ва Саломат Халиловаро дар рафти тақсим намудани варақаҳои интихоботӣ дар маҳалли 33-юми ноҳияи Синои пойтахт корманди ҳифзи ҳуқуқ, ки худро Маҳмуд Назаров гуфтааст, боздошт кардааст. Сипас ин корманди ҳифзи ҳуқуқ бо телефони мобилии яке аз хонумҳои таблиғгар ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия хабар додааст, ки таблиғгарони ҲНИТ-ро доштааст.

Яке аз таблиғгарон тариқи телефони мобилӣ ба муовини раси бахши шаҳри душанбегии ҳизб SMS мефиристад, ки онҳоро боздошт кардаанд. Чун намояндагони ҲНИТ ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино мераванд, дар он ҷо боздоштшудагонро намеёбанд. Ба гуфтаи ҷаноби Воҳидхон, пас аз занг заданҳо ба Маҳмуд Назаров хонумҳо озод карда шуданд.

Дар шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино мавриди боздошт қарор додани хонумҳои таблиғгарро рад карданд.

Мирзоалӣ, Болтуев, раиси Комиссиони марказии интихобот, дар робита ба ин қазия гуфтааст, онҳо низ ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино тамос гирифтаанд ва дархост карданд, то ба рафти корҳои тарғиботии ҳизбҳои сиёсӣ монеа нашаванд.

Қосиддин Воҳидхон гуфтааст, ҲНИТ барои чунин амал ба додгоҳ шикоят хоҳад бурд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97