Фарзона худро гунаҳкор намедонад

Хабари хуб 11.02.2010 16:38

Овозхони тоҷик, Фарзонаи Хуршед, дар рӯзи нахустини мурофиаи додгоҳӣ дар Догоҳи ноҳияи Сино, ки 9-уми феврал сурат гирифт, иттиҳомот алайҳи худашро рад кард.

Фарзонаи Хуршед, феълан дар боздоштгоҳ қарор дорад ва ба кӯмак дар фирори дӯстдоштааш Фаррух аз толори додгоҳ муттаҳам дониста мешавад.

Ба гуфтаи модари овозхон, Сурайё Қосимова номзади Фарзона, яъне Фаррух, ки ба қаллобӣ муттаҳам шудааст, дар анҷоми яке аз мурофиаҳои додгоҳи алайҳи ӯ, аз толори додгоҳ фирор намуда, Фарзонаро бо худ бурдааст. Модари сароянда ба ин бовар аст, ки Фарзона аз қазия хабар надошт ва фикр мекард, ки додгоҳ Фаррухро озод кардааст.

Ҳарду баъдан дар минтақаи Вазоб, боздошт шудаанд. Пас аз боздошт Фарзона ба боздоштгоҳи муваққатии ноҳияи Фирдавсӣ ва Фаррух ба боздоштгоҳи раёсати корҳои дохилии пойтахт интиқол ёфтанд. Дар ин миён як дафъа Фарзонаро аз зиндон озод ва сипас дубора боздошт карданд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97