Раиси нав дар "Барқи тоҷик"

Хабари хуб 21.01.2010 19:55

Санъат Раҳимов, раиси ширкати "Барқи тоҷик" аз мақомаш барканор ва Абдулло Ёров, вазири пешини энержии Тоҷикистон, ба ин симат таъин шудааст.

Бархе аз коршиносон мегӯянд, ки дар зарфи як соли раёсати Санъат Раҳимов дар ширкати "Барқи тоҷик" фаъолияти он беҳбуд ёфта ва мавриди қочоқи нерӯи барқ ба таври қобили мулоҳизае коҳиш ёфтааст.

Дар замони бӯҳрони шадиди энержӣ дар Тоҷикистон дар зимистони соли 2008 бархе аз расонаҳои мустақили дохилӣ ва хориҷӣ таъкид доштанд, ки ҳарчанд Тоҷикистон бо камбуди шадиди нерӯи барқ мувоҷеҳ аст, ширкати "Барқи тоҷик" ба таври қочоқӣ ба кишварҳои ҳамсоя нерӯи барқ содир мекунад.

Аммо масъулони ин ширкат мукарраран ин иддаоҳоро такзиб карда буданд.

Дар ҳамин ҳол, манобеи ин ширкати бузург гуфтанд, ки ба далели мушкилоти молӣ натавонистаанд бидеҳии беш аз 30-миллиондолларии нерӯгоҳи "Сангтӯда-1"-ро пардохт кунанд.

Масъулони ширкати "Барқи тоҷик" мегӯянд, ки ҳоло корхонаву мусассисот ва муштариёни инфиродии Тоҷикистон барои истифода аз нерӯи барқ аз ин ширкат ба миқдори 300 млн. сомонӣ ё ҳудуди 65 млн. доллар бидеҳкор ҳастанд ва дар сурати пардохт шудани ин қарз мушкили молии ин ниҳод ҳал хоҳад шуд.

Афзун бар ин, Агентии назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасод аз боздошти чанд тан аз кормандони масъули ширкати "Барқи тоҷик" дар соли гузашта хабар дода ва таъкид дошт, ки ин афрод беш аз як млн. сомониро аз буҷети ширкат ба сирқат бурдаанд.

Зимнан, Абдулло Ёров аз мутахассисони собиқадор ва ботаҷрубаи бахши энержии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ки солиёни тӯлонӣ дар нерӯгоҳи обии "Норак" ба ҳайси муҳандис ва раиси нерӯгоҳ фаъолият кардааст. Ҳамчунин, муддати чаҳор сол симати вазири энержиро ба ӯҳда дошта ва солҳои ахир дар мақоми масъули бахши саноат ва энержии дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97