Истирдоди бародари Ғаффор Мирзоев ба Тоҷикистон

Хабари хуб 21.01.2010 19:54

Тибқи иттилои Вазорати дохилии Тоҷикистон, бародари генерали зиндонӣ, собиқ фармондеҳи Горди президентӣ Ғаффор Мирзоев, аз Амороти Муттаҳидаи Араб ба Тоҷикистон истирдод шудааст.

Сабаби истирдоди Ҳоҷи Абдурасул Мирзоевро Вазорати дохила дар он шарҳ медиҳад, ки номбурда дар бархе аз ҷиноятҳое, ки Ғаффор Мирзоев, содир кардааст, даст доштааст.

Феълан Вазорати дохилии Тоҷикистон парвандаи ҷиноии Абдурасул Мирзоевро боз кардааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97