Таъйиди феҳрасти номзадҳо аз ҷониби КМИР

Хабари хуб 21.01.2010 19:53

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ феҳрасти ҳизбии номзадҳои интихоботи порлумониро таъйид кардааст. Дар ҳоле ки теъдоди номзадҳо дар феҳрасти ҳизбии бештари аҳзоби сиёсӣ коҳиш ёфтааст, аммо номзадҳои Ҳизби ҳалқи демократи ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон пурра ҳифз шудаанд.

Мушкили аслӣ дар ин замина напардохтани гаравпулӣ унвон мешавад. Ба гуфтаи Муҳибулло Додоҷонов, сухангӯи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, аъзои ин ниҳод дар ҷаласаи ахири худ феҳрастҳои ҳизбии номзадҳо барои ширкат дар интихоботи порлумониро таъйид кардааст. Ба гуфтаи ҷаноби Додоҷонов, дар ҷараёни бозрасии асноди зарурӣ барои сабти ин феҳрастҳо мушкиле эҷод нашудааст ва куллияи номзадҳои пешниҳодӣ сабти ном шудаанд. Ин масъули Комиссияи марказии интихобот дар робита бо тафовут дар теъдоди номзадҳо аз тариқи феҳристҳои ҳизбӣ гуфтааст, ки ин амр танҳо ба худи ҳизбҳо марбут аст.

Ба гуфтаи вай, дар феҳрастҳои ниҳоие, ки ҳизбҳо пешниҳод карданд, теъдоди камтаре аз ончи пештар ин ҳизбҳо эълом карда буданд, ба комиссия муъаррифӣ шудаанд ва ҳамаи онҳо сабти ном шудаанд.

Тибқи иттилои ин манбаъ, ҳамакнун дар интихобот аз тариқи феҳрасти ҳизбӣ 22 номзад аз Ҳизби халқи демократӣ, 20 нафар аз Ҳизби наҳзати исломӣ, 9 нафар аз Ҳизби коммунист, 2 нафар аз ҷиноҳи расмии Ҳизби демократ, 6 нафар аз Ҳизби аграрӣ, 4 нафар аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, 3 нафар аз ҷиноҳи расмии Ҳизби сотсиалист ва 7 нафар аз Ҳизби сотсиал-демократ ширкат хоҳанд кард.

Ба ин тартиб, аз тариқи феҳрасти аҳзоб дар интихобот 73 нафар таъйид шудааст.

Зимнан, ба порлумон 63 вакили аз ду роҳ интихоб мешаванд: 22 нафар аз тариқи феҳрасти ҳизбӣ ва боқимонда аз тариқи интихобот дар ҳавзаҳои ба истилоҳ якмандатӣ.

Ба гуфтаи Муҳибулло Додоҷонов, сухангӯи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, раванди таъйиди номзадҳои интихоботӣ аз ҳавзаҳои инфиродӣ идома дорад ва ин амр то 8 феврал ба поён хоҳад расид.

Тибқи иттилои ин манбаъ, дар 41 ҳавзаи инфиродии интихоботи порлумонӣ 146 номзад аз ҷумлаи аъзои ҳизбҳо ва номзадҳои мустақил пешниҳод шудаанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97