Ҷосуси Узбакистон 20 сол зиндон шуд

Хабари хуб 15.01.2010 14:59

Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми додгоҳи вилояти Хатлон дар мавриди Бобомурод Аноровро, ки ба ҷосусӣ муттаҳам шуда буд, таъйид кардааст. Дар охирҳои моҳи ноябри соли гузашта додгоҳи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон Бобомурод Аноровро ба иттиҳоми хиёнат ба ватан ва убури ғайриқонунӣ аз марзи давлатӣ ба муддати 20 сол равонаи зиндон карда буд.

Музаффар Мирамиршоев, мушовири додгоҳи вилояти Хатлон, ба Би-би-си гуфтааст, ки Аноров дар моҳи июли соли гузашта дар деҳаи Гулистони ноҳияи Данғара аз сӯйи кормандони амниятии Тоҷикистон дастгир шуд ва ба ҳангоми боздошт аз ӯ "иттилооти сиррӣ" дар бораи системи посбонии ниругоҳҳои обии Бойғозӣ ва Сангтӯда-1 кашф ва мусодира шудааст. М. Мирамиршоев дар истинод ба иттилооти марбут ба бозрасии ин қазия гуфтааст, ки ин фарди муттаҳам сафарҳояш ба шаҳри Ҷарқӯрғон, дар ҷануби Узбакистон ва мулоқоташ бо кормандони ниҳодҳои амниятӣ ё ҷосусии Узбакистонро эътироф кардааст. Бино ба иттилои манобеи додгоҳи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, Бобомурод Анорови 45-сола зодаи ноҳияи Қубодиёни ин вилоят буда, дар даврони ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон дар даҳаи 1990 ба кишвари ҳамсояи Узбакистон паноҳ бурда ва танҳо соли 2005 ба ватан бозгаштааст.

Дар моҳи октябри соли гузашта, додгоҳи вилояти Суғд, дар қазияе монанд ба ин Александр Ботов, сармуҳандис ва Александр Бабошин, раиси бахши сохтмони корхонаи "Востокредмет"-ро ба иттиҳоми "хиёнат ба давлат ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабию расондани авоқиби сангин" ба муддати 22 сол ва Виссарион Тен, як шаҳрванди Узбакистонро ба ҷурми "ҷосусӣ ба манфиъати давлати хориҷӣ" ба муддати 20 сол равонаи зиндон карда буд. Дар зарфи чаҳор соли ахир, ҳудуди даҳ тан аз сокинони Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ дар додгоҳҳои Тоҷикистон ба ҷурми ҷосусӣ ба нафъи кишварҳои хориҷ боздошт ва маҳкум шудаанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97