Дидори ду раиси ҷумҳур

Хабари хуб 07.01.2010 14:02

Раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ирон дар мулоқоти ахирашон изҳор доштанд, ки ҳамраъйӣ ва ҳамкории миёни ду давлатро минбаъд ҳам густариш ва таҳким мебахшанд. Тоҷикистон ва Ирон дар пайи ин мулоқот ва музокироти раисони ҷумҳурӣ ва ҳайатҳои ду ҷониб шаш санади ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

Муҳимтарини ин санадҳо ҳамчунон тавофуқоте дар заминаи ҳамкориҳои энержӣ, такмили сохтмони тунели "Истиқлол" буд. Ва бар асоси ин тавофуқи ҳосилшуда ҷониби Ирон 6 миллион доллари дигар ҷиҳати такмили сохтмони "Истиқлол" ихтисос медиҳад. Сохтмони ниругоҳи "Сангтӯда-2", мавзӯъи омӯзиши кашфу истихроҷи маъодини нафту газ аз мавзӯъҳои мулоқоти расисони ҷумҳурии ҳар ду кишвар буд.

Маҳмуди Аҳмадинажод зимни ин мулоқотҳо гуфт, ки дар аскари масоил, аз ҷумла масоили минтақавӣ ва ҷаҳонӣ бо ҳамтои тоҷики худ иттифоқи назар доштааст.

Ӯ гуфт, ки дар шароити кунунӣ кишварҳои дӯст ба ҳамкории беш аз ҳар вақти дигар ниёз доранд. Оқои Аҳмадинажод изҳори умедворӣ кард, ки Тоҷикистону Ирон барои ҳамеша дар канори ҳам бимонанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар гуфт, ки Тоҷикистон аз барномаи ҳастаии сулҳомези Ирон ҳимоят мекунад, зеро Ирону Тоҷикистон ду кишвари шарики табии стратегӣ мебошанд. Ӯ ба зарурати ҳалли мушкили ҳастаии Ирон аз тариқи сулҳомез таъкид кард. Дар мулоқот бо раиси ҷумҳури Ирон тавофуқ шудааст, ки ниругоҳи Айнӣ дар дарёи Зарафшон бунёд шавад ва ҷониби Ирон таҳияи тарҳ ва сармоягузории ниругоҳи Айниро бар дӯш гирифтааст.

Бар изофаи ин ҳамчунин ҷонибҳо бар сари суръат бахшидани сохтмони "Сангтӯда-2" низ ба мувофиқа расидаанд, ки тибқи он дар поёнии соли 2010 нахустин чархаи ин ниругоҳ низ бояд мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад. Ҷониби Ирон дар сохтмони ин ниругоҳ 180 миллион сармоягузорӣ хоҳад кард.

Ва санади дигаре, ки дар ин мулоқотҳо ба имзо расид ва ба ҳар ҳол ҷалби таваҷҷуҳ мекард, қарордоди ду ҷониб дар мавриди истирдоди муҷримин ба кишварҳои якдигар аст. Имзои ин санад ҳадсу гумонеро ба бор овард, ки бо чӣ ҳадафе дар ин мақтаи замонӣ ду ҷониб иқдом ба имзои ин санад кардаанд. Оё чунин афроде вуҷуд доранд, ки дар яке аз кишварҳо муҷрим шинохта шуда ва дар дигаре паноҳ ёфта ва ё дар боздошт бошанд? Дар ҳамин ҳол Рамазон Мирзоев, сафири Тоҷикистон дар Теҳрон мегӯяд, феълан чунин ашхосе на дар Ирон вуҷуд дорад ва на дар Тоҷикистон. Ва ин қарордод фароҳам кардани заминаи ҳуқуқӣ барои оянда аст. Аммо ҷаноби сафир изҳори умед мекунад, ки дар оянда низ чунин афродеро надошта бошем.

Ин сафари нахустини Маҳмуди Аҳмадинажод, баъди дубора раиси ҷумҳури Ирон интихоб шуданаш ба Тоҷикистон аст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97