Бозори гарми саҳмияфурӯшӣ

Хабари хуб 07.01.2010 14:01

Фурӯши саҳмияҳо барои бунёди нирӯгоҳи барқи обии "Роғун" дар чаҳор марказ дар шаҳри Душанбе ва манотиқи дигари Тоҷикистон оғоз шуд. Аз соати ҳафти субҳи рӯзи 6-уми январ, сокинони шаҳри Душанбе барои харидории саҳмияҳо ба қимати 100, 500 ва панҷ ҳазор сомонӣ дар назди ин марказҳо гирдиҳам омаданд.

Чун анъанаи расмии кишвар аз субҳ садои мусиқӣ ва карнайу сурнай дар ин марказҳо танинандоз буд. Ширкатҳои телевизионии давлатӣ аз ин марказҳо гузоришҳое пахш мекунанд.

Сайти ВВС менависад, бо вуҷуди он ки имрӯз дар Тоҷикистон рӯзи корист, аммо бештари масъулони давлатӣ ва кормандони муассисоти мухталиф, аз ҷумла мадориси ҳамагонӣ ва донишгоҳҳои олӣ, дар ин марокиз машғули харидории саҳмияҳо буданд. Зоҳиран барои ин иқдом онҳо муддате аз ифои вазифаашон барои чанд соате озод шуда буданд. Дар миёни харидорони саҳмияҳо кӯдакони зери синни 15 сол низ ба чашм мехӯрданд.

Бисёре аз онҳое, ки имрӯз машғули харидории саҳмияҳо буданд, мегуфтанд, ки аз пешниҳоди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ мекунанд ва мехоҳанд ба рушди иқтисодии кишвар кумак кунанд.

Сарусадоҳое ҳам ба гӯш мерасанд, ки дар муассисоти давлатӣ, донишгоҳҳо ва соҳаҳои дигари буҷавӣ кормандон ва донишомӯзон барои харидории саҳмияҳо маҷбуран роҳнамоӣ мешаванд. Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар дар чанд мулоқоти ахираш бо аҳзоби сиёсӣ, нависандагону рӯзноманигорон таъкид карда, ки фурӯши саҳмияҳои ниругоҳи барқи обии "Роғун" маҷбурӣ нахоҳад буд.

Аммо то ҳоли ҳозир ҳеч фарде намоишкорона аз ин амали ношоистаи роҳбарияташ ба ҷое шикоят набурдааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97