Дидори Аҳмадинажод бо Хайруллоев

Хабари хуб 07.01.2010 14:01

Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Ирон зимни сафари расмиаш ба Тоҷикистон бо Сайдулло Хайруллоев, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидор кард.

Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагон ба нашрияи "Миллат" иттилоъ дод, ки Сайдулло Хайруллоев зимни дидор бо раиси ҷумҳури Ирон гуфт:

-Ҷойи хушӣ ва ифтихор аст, ки мардуми тоҷику иронӣ- мардуми ҳамдину ҳамдил ва ҳамзабон, дорои фарҳангу таърихи муштарак буда, дар бунёдгузории тамаддунҳои куҳани башарӣ саҳми муносиб гузоштаанд. Ҷойи хушҳолист, ки имрӯз низ равобити ҳамаҷониба миёни кишварҳоямон беш аз пеш густариш меёбад. Мо ҷонибдори боз ҳам густариш ёфтани равобити байни давлатҳо ва порлумонҳои ҳар ду кишвар мебошем.

Бо қаноатмандӣ бояд зикр намуд, ки дар заминаи равобити байнипорлумонии ҳар ду кишвар тайи солҳои охир густариш ёфтааст. Боздиди мутақобилаи ҳайъатҳои порлумонии кишварҳоямон тайи чанд соли охир далели ин гуфтаҳо аст. Барои боз ҳам бештар густариш додани равобити байнипорлумонӣ байни кишварҳоямон заминаҳои мусоид вуҷуд дорад. Дар порлумони ҳар ду кишвар гурӯҳҳои дӯстӣ бо кишварҳои ҳамдигар ташкил ёфтаанд. Фикр мекунам, гурӯҳҳои мазкур дар ин заминаи мусоид бояд фаъолияти боз ҳам бештареро амалӣ намоянд.

Ҳамзамон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин санадҳои байналмилалӣ миёни Ҷумҳурии Исломии Ирон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла санадҳои зерин ба тасвиб расидаанд, ки дар густариши равобити иқтисодии миёни кишварҳоямон нақши босазое хоҳанд бозид.

1. "Мувофиқатномаи байни ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Ирон оид ба бартарафсозии андозситонии дукарата ва пешгирии саркашӣ аз андозсупорӣ аз даромад ва сармоя", ки 31 декабри соли 1996 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст.

2. " Созишнома байни Бонки тиҷорат, ки аз номи Бонки марказии Ҷумҳурии Исломии Ирон амал мекунад ва Бонки миллии Тоҷикистон, ки 22 августи соли 2000-ум имзо шудааст ва иловаҳо ба ҳамин созишнома", ки 18 майи соли 2003 дар шаҳри Теҳрон ба имзо расидааст.

3. " Ёддошти тафоҳум дар бораи ба таври мутақобил вогузор намудани моликият барои сафоратхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Ирон дар шаҳрҳои Теҳрон ва Душанбе".

Сайдулло Хайруллоев гуфт, ки итминони комил дорам, ки миёни давлатҳо ва порлумонҳои ҳар ду кишвар бо истифода аз чунин шароити мусоид ҳамкориҳои бештаре амалӣ хоҳанд шуд.

Маҳмуди Аҳмадинажод дар ҷараёни ин мулоқот аз сатҳи равобити ду кишвар ибрози қаноатмандӣ намуда, ҳамчунин ба зарурати таҳкими ҳамкориҳои Ирону Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳо, бахусус ҳамкориҳои байнипорлумонӣ таъкид кард.

Дар ин мулоқот ҳамчунин таъкид шуд, ки истифода аз таҷрибаи якдигар дар заминаи таҳия ва қабули қонунҳо ва дигар санадҳои муҳими байналмилалӣ барои порлумонҳои ҳарду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг муҳим аст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97