Анҷумани ҲНИТ: Феҳраст тағйир кардааст

Хабари хуб 24.12.2009 18:43

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) рӯзи якшанбеи 20 декабр, дар Анҷумани фавқулоддаи ин ҳизб гуфтааст, ки интихобот танҳо механизми ба таври қонунӣ расидан ба қудрат маҳсуб шуда ва нақзи қонуни интихобот боиси пайдо шудани тардид дар байни мардум нисбат ба демократӣ будани низом мешавад.

Муҳиддин Кабирӣ гуфтааст, ки Раиси ҷумҳури Тоҷикистон баргузории интихоботи шаффофу демократӣ дар кишварро замонат дода ва пас аз ду моҳ то чи ҳад ҷиддӣ будани ин замонат рӯшан хоҳад шуд.

Ба эътиқоди масъулони ҲНИТ талошҳо барои динро аз давлат ҷудо ҷилва додан навъи эҷоди монеъа барои ширкати дин дар идораи давлат аст. Гуфта мешавад, дар остонаи интихоботҳои қаблӣ бо истифода аз ин усул ниҳодҳои давлатӣ барои коҳиши нуфузи ҲНИТ дар ҷомеаи Тоҷикистон талошҳои зиёд ба харҷ дода буданд.

Муҳиддин Кабирӣ таъкид кард, ки бо сӯйистифода аз зикри дунявӣ ё ғайримазҳабӣ будани низоми кишвар, ки дар Қонуни Асосӣ дарҷ шуда ҳамалоти лафзию равонӣ ба аъзои ҳизби наҳзат ва арзишҳои исломӣ сурат гирифтааст. Ҷаноби Кабирӣ ба унвони мисол аз моҷарои марбут ба ҳиҷоб ёдовар шуд, ки духтарони бисёре танҳо ба хотири доштани ҳиҷоб аз донишгоҳҳо ихроҷ шудаанд.

Дар ин Анҷуман барномаи қабл аз интихоботии ҳизб муаррифӣ шуд. Дар ин барнома ба роҳҳои дастёбӣ ба рушди иқтисодӣ, масоили муҳоҷират ва фасод авлавият қоил шудааст.

ҲНИТ муҳоҷирати кориро барои ҷомеаи Тоҷикистон фоҷеа хондааст, ки марги муҳоҷирон, кӯдакони ятим ва занҳои зиёди беваро дар пай дошта ва дар бархе маворид ба аз ҳам пошидани хонаводаҳо ба далели солҳо дар Русия будани мардҳо боис шудааст. Ба хотири ислоҳи ин вазъ ҲНИТ пешниҳод кардааст, ки дар муддати се соли оянда ба гузаронидани консерту тадобири пуршукӯҳи фарҳангӣ дар Тоҷикистон моратория эълом шуда ва маблағи ба ин ҳисоб ба даст омада барои эҷоди ҷойҳои кор дар кишвар масраф шавад, то муҳоҷирон битавонанд дар ватани худ кор ва зиндагӣ кунанд.

Аз сӯйи дигар, ҲНИТ фасодро нишонае аз ғайридемократӣ ва фақир будани кишвар хонда ва гуфтааст, ки танҳо аз тариқи шаффоф будани фаъолияти сохтори давлатӣ ва назорати ҷиддӣ ба раванди масрафи маблағи буҷа аз афзоиши фасод дар кишвар то андозае ҷилавгирӣ кардан мумкин аст.

Ҳамчунин, ҲНИТ эълом кардааст, ки ният дорад, як ҷумбиши мардумии алайҳи фасодро созмон дода ва аз тарафдорони худ тақозо кунад, ки аз додани ришва ба масъулони ниҳодҳои давлатӣ худдорӣ кунанд.

Дар поёни Анҷумани ҲНИТрӯйхати ҳизбии номзадҳо ба интихоботи порлумонӣ баррасӣ ва тасдиқ шуд. Муҳиддин Кабирӣ, Саидумар Ҳусайнӣ ва Воҳидхон Қосиддинов раис ва ду муовини ӯ дар аввали ин феҳрист ҷой гирифта ва исми Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раис, ки дар феҳристи интихоботи гузашта шахси сеюм маҳсуб мешуд, дар ин рӯйхат мавҷуд набуд.

Масъулони ҲНИТ гуфтанд, ки дар канори интихоботи порлумонӣ номзадҳои ҳизб дар интихоботҳои шӯроҳои маҳаллии Тоҷикистон низ ширкат хоҳанд кард.

Тартиби рӯйхати номзадҳои ҲНИТ:

1. Муҳиддин Кабирӣ

2.Сайидумар Ҳусайнӣ

3. Воҳидхон Қосиддинов

4. Шамсиддин Саид

5. Саидиброҳими Назар

6. Қамариддини Афзалӣ

7. Ҳикматулло Сайфуллозода

8. Мирзомуҳаммади Навид

9. Муҳаммадҷон Нурӣ

10. Зарафо Раҳмонӣ

11. Давлат Назаров

12. Абдуқаҳҳори Давлат

13. Муслима Броимшоева

14. Илҳом Ёқубов

15. Абдусамад Ғайратов

16. Хайринисо Саидова

17. Қиёмиддини Аваз

18 Азимҷон Ваҳҳобов

19. Муҳаммад Шариф

20. Нодира Абдуллоева

21. Мунири Ҳабиб

22. Ҷумъа Шеров

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97