Нигаронии Раиси ҷумҳур аз боз нагаштани ҷавонон

Хабари хуб 24.12.2009 18:41

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишварамон, ки рӯзи 23 декабр бо аҳли илму фарҳанги кишвар мулоқот дошт, гуфтааст, ки танҳо ҳудуди даҳ дарсади ҷавонон баъд аз таҳсил дар хориҷ аз кишвар ба ватан бармегарданд. Ӯ ҳамзамон гуфтааст, ки танҳо сеяки ҷавононе, ки баъд аз таҳсил дар хориҷа ба ватан бармегарданд, шуғл пайдо мекунанд.

Ба иттилои манобеъи дафтари раёсати ҷумҳурӣ, ин дидори Раиси ҷумҳур дар чорчӯби эъломи соли 2010 ба унвони соли маориф ва фановарӣ баргузор шудааст.

Гуфта мешавад, дар ин дидор Раиси ҷумҳур мавзӯъи бозгашти ҷавонони тоҷик ба ватан баъд аз таҳсил дар хориҷ аз кишварро матраҳ кардааст. Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки дар зарфи панҷ соли ахир беш аз се ҳазор ҷавони тоҷик барои таҳсил ба донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ рафтаанд, вале ҳамасола ҳудуди 50 нафар аз онҳо ба ватан бармегарданд. Президент гуфтааст: "Мувофиқи ин нишондод бояд ҳар сол қариб 500 толибилм мактабҳои олии давлатҳои хориҷиро хатм намуда, ба Ватан баргарданд. Вале дар асл ҳар сол ҳамагӣ то 50 нафар бармегардад ва фақат як қисмаш бо кор таъмин карда мешаваду халос."

Раиси ҷумҳур дар ҳамин маврид афзудааст: "Ин далели возеҳи он аст, ки вазорату идораҳои дахлдор нисбат ба ин масъала бемасъулиятӣ зоҳир менамоянд ва дар натиҷа ин нирӯи пуриқтидори ихтисосмандон дар рушди иқтисодиёти миллӣ самаранок истифода намегардад."

Дар ҳамин ҳол, Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ бо олимон ва устодони донишгоҳҳои Тоҷикистон хостори таҷдиди сохтори Академияи илмҳои кишвар шудааст. Ба эътиқоди ӯ, дар оянда дар фаъолияти ин ниҳод бояд бо дарназардошти судмандии он сармоягузорӣ шавад. Вай афзудааст: "Академияи илмҳои мо, ки ҳанӯз дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ мутобиқ ба шароиту имкониятҳои он давра таъсис ёфта буд, то ба имрӯз фаъолияти худро дар ҳамон шакли сохторӣ пеш мебарад ва самаранокии он солҳои охир кам эҳсос мешавад."

Раиси ҷумҳур пешниҳод кардааст, ки "аз соли 2011 оғоз карда, маблағгузории давлатии сохторҳои илмию тадқиқотӣ аз рӯйи натиҷа ва самаранокии корҳои анҷомдодаи онҳо амалӣ гардад. Ва баръакс, дар ҳолати мавҷуд набудани натиҷаҳои кофию назарраси тадқиқоти илмӣ ва татбиқи онҳо маблағгузории давлатӣ барои ин гуна сохторҳо қатъ карда шавад." Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз ниҳодҳои зирабт хостааст, ки дар зудтарин фурсат "Барномаи инноватсионии рушди Тоҷикистон ва рақобатпазир гардондани кишвар"-ро таҳия кунанд.

Ҳамчунин пешниҳод шудааст, ки дар системи маъорифи кившар як шабакаи воҳиди коммуникатсионӣ ё иртибототии низоми муъосири технологии иттилоотӣ" роҳандозӣ шавад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97