Ҳизби Сотсиал –демократро озурда сохтанд

Хабари хуб 17.12.2009 14:55

Ахиран Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ҳайати нави Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии кишварро пурра тасдиқ кард. Бар асоси пешниҳоди раиси ҷумҳур, Мирзоалӣ Болтуев, раиси Комиссияи марказии интихобот ва Мизроб Кабиров, муовини ӯ, ҳамчунон симатҳои худро ҳифз кардаанд.

Шаш ҳизби сиёсӣ низ дар ин ҳайат як нафарӣ ва ҲХДТ се намоянда дар ин комиссия дорад. ҲСДТ дар ҳайати КМИР ҳузур наёфтааст.Масъулини ҲСДТ аз ворид нашудани намояндани худ ба ҳайати КМИР Тоҷикистон озурда ва нигарон ҳастанд. Раҳматилло Зойиров, раиси ҲСДТ, чунин иқдомро ба ҳошия рондани ҳизбаш унвон кардааст.

ҲНИТ -ро дар КМИР Ҷалолиддин Маҳмудов ва ҲДТ-ро Юсуфбек Шодмонбеков, ки қаблан низ дар ин комиссия ҳузур доштанд, намояндагӣ мекунанд. Ҳизби аграрӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ, аз аҳзоби навтаъсиси ва ҳамчунин ҲСТ (ҷиноҳи А. Ғаффоров) низ намояндаи худро вориди ин комиссия кардаанд. Се узви дигари КМИР ба шумули Раҷабалӣ Тағоев, Иззатулло Алиев, Акбаралӣ Сатторов тобеъияти ҳизбӣ надоранд. Воқеан Акбари Саттор, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон матраҳтарин чеҳра аз ҷумлаи аъзои комиссия аст.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, ҷой додани намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва шахсиятҳои ғайриҳизбӣ дар ҳайати КМИР дар ростои ваъдаи раиси ҷумҳур барои таъмини шаффофияти интихобот қобили арзёбӣ аст. Гуфта мешавад, чунин иқдом қадаме ҷониби таъмини эътимод миёни давлат ва аҳзоби сиёсӣ барои ҳифзи райъи ҷонибдорони онҳост.

Аммо, дар айни ҳол, бархе бар он назаранд, ки танҳо ҳузури намояндагони аҳзоб дар КМИР кофӣ нест, ки интихоботи шаффоф ва бидуни тақаллубро таъмин кунад. Балки ин усул бояд дар таъсиси комиссияҳои ҳавзавӣ ва қитъаҳои раъйдиҳӣ низ муроот шавад ва намояндагони аҳзоб ва ғайриҳизбиҳо ба ин комиссияҳо ворид шаванд. Он гоҳ итминони бештаре ба баргузории як интихоботи нисбатан шаффоф ҳосил хоҳад шуд. Салоҳияти ҳайати нави Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсиро Маҷлиси намояндагон дар иҷлосияи рӯзи 16-уми декабр тасдиқ кард.

КМИР акнун, 41 ҳавзаи интихоботиро таъсис ва раисону ҳайатҳои онҳоро тасдиқ мекунад. Чилу як ҳавзаи интихоботии инфиродӣ ва ҳавзаи саросарии ҳизбӣ дар давоми бист рӯзи баъди тасдиқи салоҳияти КМИР аз сӯи маҷлис бояд комилан фаъол ва омодаи баргузор кардани интихобот бошанд. Интихоботи Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои шаҳру навоҳӣ, қарор аст, рӯзи 28-уми феврали соли 2010 доир шавад.

Мирзоалӣ Болтуев, раиси КМИР, дар рӯбарӯи вакилони мардумӣ эълон кард, ки ҳамакнун 41 комиссияи ҳавзаӣ бо шумули намояндагони аҳзоби сиёсӣ ташкил хоҳад шуд. Чилу як ҳавзаи интихоботи ифиродӣ ва ҳавзаи саросарии ҳизбӣ дар давоми бист рӯзи баъди тасдиқи салоҳияти КМИР аз сӯи маҷлис бояд комилан фаъол ва омодаи баргузор кардани интихобот бошанд. Мо севу ним ҳазор қитъаи раъйгирӣ дорем, вале бисёре аз ҳизбҳои мо ин миқдор аъзо надоранд, ки ширкати онҳоро дар ин қитъаҳо таъмин кунанд...

Вакилон аз ҷумлаи намояндагони аҳзоб дар Маҷлиси намояндагон хостори таваҷҷуҳ ба камбудиҳое шуданд, ки дар интихоботҳои гузашта комиссиюни интихоботӣ ба он роҳ дода буд. Хусусан дар замонбандии нақшаи тақвимии сабти номзадҳо дар гузашта мушкилоте вуҷуд доштааст, ки намояндагони аҳзоб мегӯянд, ба далели он натавонистаанд номзади худро сабти ном кунанд ва ё нозирони онҳо дар маҳал ҳузур пайдо намоянд.

Аммо Мирзоалӣ Болтуев, раиси КМИР Тоҷикистон мегӯяд, ҷой додани намояндагони аҳзоб дар 41 ҳавзаи интихоботӣ қатъист, вале ба сурати ҳатмӣ ҷой додани ин намояндагон дар қитъаҳои раъйгирӣ ғайриимкон аст. Вай барои ҳатмӣ набудани ҳузури намояндагони аҳзоб дар ин қитъаҳо далели худро пеш меорад ва мегӯяд, "мо севу ним ҳазор қитъаи раъйгирӣ дорем, вале бисёре аз ҳизбҳои мо ин миқдор аъзо надоранд, ки ширкати онҳоро дар ин қитъаҳо таъмин кунанд."

Ба ҳар ҳол, на камтар аз чилу панҷ рӯз то интихобот, бояд ҳамаи чилу як ҳавзаи интихоботӣ ва қитъаҳои раъйгирӣ барои бар гузории интихобот омода бошанд. Яъне КМИР ҳоло бист рӯзи дигар барои анҷоми ин кор фурсат дорад.

Ба гуфтаи раиси КМИР, қарор аст, интихоботи 28 феврали соли 2010-ро 600 нозири дохилӣ ва хориҷӣ назорат кунанд. Ҳашт ҳизби сиёсии Тоҷикистон ҳаққи муаррифии номзадҳои худро тавассути ҳавзаи ягонаи интихоботӣ доранд. Ин аҳзоб феълан дар садади баргузории анҷуманҳои худ барои таҳияи феҳрасти номзадҳои интихобот ҳастанд. Охирин рӯйхати ҳизбҳои сиёсӣ рӯзи 27 декабр муаррифӣ хоҳад шуд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97