Интихобот рӯзи 28 феврал баргузор мешавад

Хабари хуб 17.12.2009 14:54

Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар рӯзи 28-уми феврали соли оянда рӯзи баргузории интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон муқаррар гардид. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо номзадҳо ба ҳайати нави Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дидор карда ва аз онҳо таъмини шаффофият ва баргузории интихоботи мунсифонаро тақозо кардааст. Аъзои нави Комиссияи марказии интихобот, ки президент пешниҳод кардааст, аз сӯйи порлумони феълӣ тасдиқ шуд.

Маркази матбуотии дафтари раёсати ҷумҳурии хабар дод, ки тибқи ин фармон қарор аст 25-уми марти соли оянда Иҷлоси нахустини порлумони нав дар шаҳри Душанбе баргузор шавад.

Дар ин фармон ҳамчунин таъкид шудааст, ки дар канори интихоботи порлумонӣ, интихоботи маҷлисҳои шаҳру вилоятҳо, навоҳӣ ва барои бори нахуст баъд аз касби истиқлол интихоботи аъзои Шӯрои деҳот низ баргузор мешавад.

Манобеи раёсати ҷумҳурӣ мегӯянд, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ аз раис, муовин ва 15 нафар узви ин ниҳод мураттаб шудааст. Ҳайъати ин комиссия аз сӯйи президент пешниҳод шуда ва порлумони феълӣ ин ҳайъатро интихоб кардааст.

Ба гуфтаи Муҳибулло Додоҷонов, раиси дафтари Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, ба ҳайати нав ба ҷуз намояндаи Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, намояндаҳои ҳафт ҳизби дигари кишвар шомил шудаанд.

Ин дар ҳолест ки дар як моҳи ахир Президент Эмомалӣ Раҳмон батакрор бар зарурати баргузории интихоботе бар пояи арзишҳои демократӣ таъкид мекунад. Вай ҳамчунин аз ниҳодҳои давлатӣ тақозо карда буд, ки дар раванди баргузории интихобот мудохила накунанд. Бисёре аз намояндаҳои аҳзоби сиёсӣ, аз ҷумла, ҳизбҳои мухолиф, аз ин изҳороти раиси ҷумҳур пуштибонӣ мекунанд, вале мегӯянд, ки ба баргузории интихоботи мунсифона чандон эътимоде надоранд.

Бо ин вуҷуд, тамоми аҳзоби сиёсии Тоҷикистон аз баргузории анҷуманҳои қаблазинтихоботии худ дар нимаи дувуми моҳи декабр хабар додаанд. Аз сӯйи дигар, аҳзоби мухолиф пештар тарҳи нави Қонуни интихоботи порлумонро ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод карда буданд, вале аз сӯи ин порлумон ҳимоят нашуд. Ба эътиқоди раҳбарони аҳзоби мухолиф, дар сурати тасвиби ин санад, шароит барои баргузории интихоботи шаффоф ва мунсифона мебоист фароҳам шавад. Вале масъулони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ изҳор медоранд, ки қонуни феълӣ низ чунин шароитро фароҳам хоҳад кард.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97