"Сангтӯда-1" не туда, не сюда

Хабари хуб 04.12.2009 19:24

Масъулони ширкати "Сангтуда-1", мегӯянд, ки ин ниругоҳ аз дувуми декабр бо реҷаи маҳдуди тавлиди нируи барқ фаъолият хоҳад кард. Қаблан раҳбарони ин ниругоҳ дар номае ба Оқил Оқилов, нахуствазири Тоҷикистон, ҳушдор дода буданд, ки дар сурате, ки то якуми декабр "Барқи тоҷик" қарзҳои 42-миллионсомонии худро пардохт накунад, фаъолияти ин ниругоҳ ба таъвиқ дароварда мешавад.

Аммо як масъули ин ниругоҳ, ки аз бурдани номаш худдорӣ кардааст, гуфтааст, ки бо дарназардошти мушкили камбуди нируи барқ дар фасли сармо, ин ниругоҳ фаъолияти худро ба таври комил мутаваққиф нахоҳад кард. Аммо ба гуфтаи вай, аз чаҳор турбини ниругоҳи Сангтӯда-1 танҳо як турбин фаъол хоҳад буд.

Дар ҳамин ҳол, масъулони ниругоҳи Сангтӯда-1 мегӯянд, ки таҷҳизоти яке аз турбинҳои ин ниругоҳ ниёз ба таҳқиқи фаннӣ дорад ва расидагии кормандони масъул ба вазъияти фаннии ду турбини дигари ин ниругоҳ идома дорад.

Дар ҳоли ҳозир ду турбини ниругоҳи Сангтӯда-1, 5,4 млн. киловат соат барқ тавлид мекунанд ва дар сурати аз фаъолият бозмондани яке аз ин турбинҳо тавоноии тавлиди барқ дар он то ба 2,7 млн. килават соат коҳиш хоҳад ёфт. Масъулони ниругоҳи Сангтуда-1 мегӯянд, ки бо вуҷуди ҳушдорҳо ба ширкати "Барқи тоҷик" дар мавриди пардохти қарзҳо, раҳбарони ин ширкат ба ҷуз аз ваъда то ҳол иқдоми дигаре накардаанд.

Аммо Нозир Ёдгорӣ, сухангӯйи ширкати "Барқи тоҷик", рӯзи якуми декабр ба Би-би-сӣ гуфтааст, ки ин ширкат тибқи як ҷадвали замонӣ қарзҳои 14-млн. долларии худро ба ширкати Сангтуда-1 батадриҷ пардохт хоҳад кард.

Нозир Ёдгорӣ афзудааст: "Бар асоси як тавофуқ миёни раисони ҷумҳурии Русия ва Тоҷикстон, бо дарназрдошти мушкилоти иқтисодии кишвар, ширкати мо ин сармояро аз моҳи октябри соли равон то моҳи марти соли оянда батадриҷ пардохт мекунад. То ҳол ин ширкат панҷ млн. сомонӣ, ба ширкати Сангтуда-1 пардохт кардааст."

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97