Давлатро кӣ ғорат мекунад?

Хабари хуб 04.12.2009 19:24

Дар соли ҷорӣ аз маболиғи буҷаи давлат ба миқдори беш аз 55 млн. сомонӣ ба таври ғайримақсад масраф шуда ва ё ба ғорат рафтааст. Рӯзи 27 ноябр, дар ҷараёни муҳокимаи раванди иҷрои будҷаи соли 2009 дар порлумони кишварамон ибрози нигаронӣ шуд, ки раванди сирқат ва тасарруфи маблағи будҷа ҳамасола рӯ ба афзоиш будааст.

Сафаралӣ Гулов, узви Кумитаи иқтисод, будҷа, дороӣ ва молиёти Маҷлиси намояндагон ба унвони мисол ба мавриди дузди ва тасарруфи маблағи будҷа дар вазорати кишоварзӣ ишора кардааст.

Вай гуфтааст маблағе, ки дар ин ниҳод ба сурати "ғайримақсад" истифода шудааст дар муқоиса ба соли гузашта ду баробар афзоиш ёфта ва дар 9 моҳи соли ҷорӣ 5,8 млн. сомонӣ ё 1 милиону 200 ҳазор доллари амрикоиро ташкил додааст.

Аз ҷумла, ба гуфтаи Сафаралӣ Гулов, дар ин вазорат бо баҳонаи харидории маводи кимиёвӣ барои мубориза бо малах 1 миллиону 625 ҳазор сомонӣ ба ғорат рафтааст.

Аз ин лиҳоз, намояндагони порлумон ба ҳукумат пешниҳод кардааст, ки дар будҷаи соли оянда маблағи вазорати кишоварзӣ кам карда шавад.

Аммо Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молия ин пешниҳодро ғайри қобили қабул хонда ва гуфтааст, ки ин амр метавонад дар раванди мубориза бо малах ва ҳашароти дигари зараррасон асари номатлуб гузорад ва мунҷар ба хисороти бештари иқтисодӣ шавад.

Фаттоҳ Саидов, раиси Агентии назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасоди вазоратҳои кишоварзӣ, энергетика ва саноат, захоири обу обёрӣ, кор ва ҳифзи иҷтимоӣ ва нақлиёту иртибототро аз ҷумлаи сохторҳои давлатие унвон кардааст, ки мавриди истифодаи ғақримақсаднок, ғорату тасарруфи маблағи будҷа бештар сабт шудааст.

Фаттоҳ Саидов гуфтааст, ки аз ҷумлаи 57,9 млн. доллари ба таври ғайримақсад масрафшуда танҳо 27,6 млн. сомонӣ ба будҷа бозгардонида шудааст.

Дар ҳамоиш таъкид шудааст, ки бархе аз масъулони давлатӣ пас аз ғорати маблағи ҳангуфт ба хориҷи кишвар паноҳ бурда ва ин вазъ бозгардонидани маблағро номумкин сохтааст.

Масалан, ширкати "Акбар-Компания" дар озмуни бунёди беморхонаи вилояти Хатлон пирӯз шуда ва 3,5 млн. сомонии барои эҳдоси бемористон тахсисшударо тасарруф карда ва ба Афғонистон паноҳ бурдааст.

Дар мавриди дигар, як масъули бахши таъмини иҷтимоии вазорати меҳнат ва таъмини иҷтимоии Тоҷикистон ҳудуди 400 ҳазор сомониро, ки барои пардохти кӯмакпулӣ ва нафақаи бознишастагон пешбинӣ шуда буд, ба сирқат бурда ва аз Тоҷикистон фирор кардааст.

Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон, оқибатҳои ҷанги дохилӣ дар кишвар дар даҳаи 1990-ро аз сарчашма ё сароғози дуздиву тасарруфи маблағи буҷа хонда ва гуфтааст, ки то ҳол ниҳодҳои зирабти давлатӣ натавонистаанд аз ин падидаи номатлуб ҷилавгирӣ кунанд.

Ба манзури коҳиши мавриди истифодаи ғайримақсад аз буҷа ва сирқату тасарруфи маблағи он пешниҳод шудааст, ки барои назорати масрафи маблағи буҷа дар кулияи вазорату мусассисоти давлатӣ гурӯҳҳои назоратию бозрасӣ ё аудитӣ ташкил шавад.

Ҳамчунин, қарор аст дар ҳар се моҳ дар порлумони Тоҷикистон раванди иҷрои буҷаи давлатии кишвар бо ширкати масъулони вазорату ниҳодҳои давлатӣ баррасӣ гардад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97