Вокуниши Тоҷикистон ба иддаоҳои Узбакистон

Хабари хуб 26.11.2009 14:55

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар як нишасти хабарии вижа рӯзи 25-уми ноябр, масъалаи хуруҷи Узбакистон аз системаи ягонаи таъмини нируи барқи Осиёи Марказиро "тасмими сиёсӣ" номид.

Сафири Узбакистон дар Тоҷикистон Шоҳислом Шоҳисломов рӯзи 23 ноябр дар як нишаст зимни шарҳи хуруҷи Узбакистон аз системаи ягонаи барқи Осиёи Марказӣ гуфта буд, ки ин як тасмими иҷтимоии дохилии кишвараш мебошад.

Дар нишасти хабарии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон намояндагони мақомоти ширкати "Барқи тоҷик" ва Вазорати саноат ва энергетикаи кишварамон низ ширкат доштанд. Намояндагони ширкати "Барқи тоҷик" ва Вазорати саноат ва энергетика даъвои Узбакистон дар мавриди талафоту дуздии барқ аз тарафи мақомоти Тоҷикистонро беасос шуморида, тасмими Узбакистонро дар мавриди хуруҷ аз системаи ягонаро иштибоҳи Тошканд номиданд.

Онҳо таъкид карданд, ки бо вуҷуди он ки хуруҷ аз системаи ягонаи барқи Осиёи Марказӣ бештар ба худи Узбакистон зарар дорад, вале Тошканд дар рӯзҳои сармо, ки барои Тоҷикистон умдатан мушкили барқ пеш меояд, ба хотири эҷоди монеа даст ба ин иқдом мезанад.

Ба назари намояндагони Вазорати саноат ва энергетика ва ширкати "Барқи тоҷик", бештар аз ҳама Тошканд аз шурӯи ҷиддии сохтмони ниругоҳи барқи обиии Роғун хушҳол нест.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97