Зиндониёни афѓон истирдод мешаванд

Хабари хуб 26.11.2009 14:54

Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон гуфтааст, ки дар рӯзҳои наздик 250 афғон, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон ба сар мебаранд, ба Афғонистон истирдод шаванд. Саидмуҳаммад Хайрхоҳ, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон гуфтааст, ки қаблан дар ин замина миёни вазоратҳои хориҷаи Тоҷикистон ва Афғонистон мувофиқатномае имзо шуда ва ин санад аз ҷониби порлумонҳои ҳар ду кишвар таъйид шудааст.

Ҷаноби Хайрхоҳ таъкид кардааст, ки ахиран ӯ бо Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷаи Тоҷикистон санадеро дар робита ба иҷрои ин мувофиқатнома имзо карданд.

Тибқи ин мувофиқатнома масъулияти иҷрои раванди истирдоди зиндониёни афғон аз маҳбасҳои Тоҷикистон ба Афғонистонро Додситони кулли Тоҷикистон ва вазири адлияи Афғонистон ба ӯҳда доранд.

Бино ба иттилои манобеи Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон, қарор аст дар чанд рӯзи оянда як ҳайати давлати Афғонистон вориди шаҳри Душанбе шуда ва бо ҷониби Тоҷикистон наҳваи истирдоди ин зиндониёнро баррасӣ кунад.

Дар назар аст зиндониёни афғон пас аз истирдод муддати ҳабсро дар маҳбасҳои Афғонистон сипарӣ кунанд.

Зимнан, ақрабо ва наздикони зиндониёни афғон зимни як номаи саргушода унвонии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар аввали соли ҷорӣ хостори истирдоди маҳбусон аз маҳбасҳои Тоҷикистон ба Афғонистон шуда буданд.

Дар ин нома, ки дар нашрияҳои Тоҷикистон мунташир шуда буд, далели ин амр дурии роҳ ва набудани имкони дидорбинӣ бо наздикони зиндониашон унвон шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, Парвина Ализода, сухангӯйи Идораи зиндонҳои вазорати адлияи Тоҷикистон гуфтааст, ки бар асоси Қонуни афви соли ҷорӣ тамоми шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон ба сар мебаранд, то охири соли ҷорӣ мавриди афв қарор хоҳанд гирифт.

Вале сафири Афғонистон дар Тоҷикистон таъкид кардааст, ки қонуни авфе, ки дар моҳи ҷорӣ ба тасвиб расид ба шаҳрвандони Афғонистон, ки қарор аст истирдод шаванд марбут набудааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97