Давлат саҳмия мефурӯшад, ҲНИТ мехарад

Хабари хуб 19.11.2009 15:18

Раиси ҷумҳури кишвар хостори аз ибтидои соли нав ба фурӯш баровардани саҳмияҳои ниругоҳи Роғун шуд. Гуфта мешавад, ки ин амр ба тавсеъаи бахши сохтмонӣ дар ин ниругоҳ мусоидат хоҳад кард.

Дар ҷаласае бо ширкати мақомоти баландпояи кишвар, ки рӯзи 16 ноябр баргузор шуд, Эмомалӣ Раҳмон хостори таҳияи ҳарчи зудтари саҳмияҳои ниругоҳи Роғун шудааст. Тибқи иттилои маркази матбуотии раёсати ҷумҳурӣ, раиси ҷумҳур хостааст, ки аз аввали соли 2010, баҳри ҷалби сармояи иловагӣ ба сохтмони ин иншооти муҳимми стротегӣ, саҳмияҳои ниругоҳ ба фурӯш бароварда шаванд.

Зимнан, дар соли ҷорӣ барои бахши сохтмонӣ дар ниругоҳи Роғун аз буҷаи Тоҷикистон ҳудуди 150 миллион доллар ихтисос шудааст ва қарор аст дар соли оянда, давлат ба ин манзур маблағи бештаре тахсис бидиҳад.

Ба гуфтаи мақомоти давлатӣ, интизор меравад дар авохири соли ҷорӣ маҷрои дарёи Вахш дар маҳалли сохтмонӣ садди обанбори ин ниругоҳ баста шавад ва ҳадс зада мешавад, ки агрегати нахустини ниругоҳи Роғун дар охири соли 2012 мавриди истифода қарор бигирад.

Сохтмони ниругоҳи Роғун дар даҳаи 1980 оғоз шуда, вале ба далели мушкилоти иқтисодӣ дар солҳои баъд аз касби истиқлол умури сохтмонӣ дар он ба таъхир дароварда шуд

Зимнан, порлумон дар баробари эълом кардани ниругоҳи "Роғун" ҳамчун моликияти истисноии давлат қонуни дигаре дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомро тасвиб кардааст, ки тибқи он агар давлат беш аз 50 дарсади саҳмияҳоро дар ихтиёр дошта бошад, фурӯши саҳмияҳои дигар иҷоза шудааст.

Дар ҳоле ки роҳбарону масъулини корхонаву ширкатҳои наздик ба давлат машғули гузоришдиҳӣ дар мавриди хайрияи маоши моҳонаи кормандонашон ҳастанд, Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, як ҳизби дар гузашта мухолифи давлат, барои харидории саҳмияҳои ниругоҳи барқи обии "Роғун", ки онро барои ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии ҷомеаи кишвар муҳим унвон мекунад, изҳори омодагӣ кардааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97