Ҷаври минҳои Узбакистон

Хабари хуб 19.11.2009 15:17

Шоҳқосим Шоҳисломов, сафири Узбакистон дар Тоҷикистон дар конфронси минтақавӣ, ки дар шаҳри Душанбе, таҳти унвони "Кӯмак ба ҳамкориҳо алайҳи мингузорӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ" гуфт, то замоне, ки дар Афғонистон хатари толибон боқӣ аст, мавзӯъи вуҷуди минҳо дар марзи Узбакистон мисли қабл боқӣ хоҳад монд.

Ӯ дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфтааст, ки мавзӯъи аслии ин конфронс ба минҳо дар марзи Узбакистон рабт надорад ва он дар мавриди минҳои мавҷуд дар майдонҳои мини Тоҷикистон сухан меравад.

Аммо созмондиҳандагони ин конфронс мегӯяд, ҳадафи аслӣ аз баргузории ин конфронс кумак барои барқарор кардани гуфтугӯҳои созандаи давлатҳои минтақа дар заминаи фаъолиятҳои муштараки онҳо бар зидди истифода аз минҳои зиддинафар аст.

Дар ҳамин конфронст гуфта шуд, танҳо дар Тоҷикистон дар 17 соли ахир бар асари бархурд бо минҳои зиддинафар ҳудуди 800 нафар захмӣ ва кушта шудаанд.

Аммо сафири Узбакистон дар Тоҷикистон мегӯяд, ки "минҳо дар марзи Узбакистон ба касе халал намерасонанд." Ба гуфтаи ӯ, ҳадаф аз мингузории марзи Узбакистон, ҷилавгирӣ аз ворид шудани афроди тундрав, террорист ва қоҷоқбар ба қаламрави кишвараш будааст. Ба пиндори сафир Шоҳисломов, бо минҳои марзи Узбакистон танҳо касоне, ки ғайриқонунӣ аз марз мегузаранд, бархурд мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки бар асоси гузоришҳои Маркази минрӯбии Тоҷикистон, ҳудуди 150 нафар аз сокинони Тоҷикистон бо минҳои гузоштаи марзбонони узбак бархурд карда ва 71 нафар аз онҳо ҷон бохтаанд.

Майкл Стори, ҳамоҳангсозӣ барномаҳои минрӯбии Маркази Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо дар Тоҷикистон мегӯяд, мавзӯъи ин конфронси баргузоршуда ба ҳамаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ рабт доштааст. Ӯ гуфт: "Мушкили аслӣ дар роҳи дастёбӣ ба ҳусни тафоҳум дар заминаи худдорӣ аз истифодаи минҳои зиддинафар дар минтақа адами сохторе аст, ки дар он коршиносон ва мақомоти зиддахли кишварҳои минтақа тавонанд дар ин замина табодули назар кунанд." Дар Тоҷикистон се минтақа ба унвони манотиқи хатарбори мин вуҷуд дорад, ки яке аз онҳо дар марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон қарор дорад. Дар ин манотиқ то ҳол минҳое боқӣ мондаанд, ки ҳанӯз дар даврони Шӯравии пешин ҷойгузорӣ шуданд.

Муҳаммадқосим Самандарӣ, муовини раёсати минрӯбии идораи умури изтирории Афғонистон низ аз мушкилоти кормандон дар кишвараш дар заминаи хунсо кардани минҳои зиддинафар мегӯяд: "Бисёре аз ин минҳо дар даврони ҳуҷуми артиши Шӯравӣ ба Афғонистон ҷойгузорӣ шудаанд ва дархостҳои муҷаддади кишварам аз Русия барои дар ихтиёри мо вогузоштани харитаи майдонҳои мин то ҳол бенатиҷа мондааст." Ба гуфтаи ӯ, дар соли равон дар Афғонистон ҳудуди 396 нафар бо минҳо бархурд кардаанд, ки теъдоди зиёде аз онҳо бар асари ин ҳодиса кушта шудаанд.

Аммо то он замоне ки Узбакистон ва Русия ба ин дарк нарасанд, ки "марг"-ҳои коридаашон танҳо ҷони мардумони бегуноҳро меситонад ва куштани бегуноҳон "убол" дорад, омори боло ҳади ниҳоӣ нахоҳад буд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97