Додихудо Саймуддинов: Риояи меъёри забонро тақозо хоҳем кард

Хабари хуб 19.11.2009 15:17

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Додихудо Саймуддинов, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд. Сӯҳбати кӯтоҳе, ки бо ӯ анҷом додем, пешкаши шумо мешавад.

- Ин кумита дар мадди аввал кадом корҳоро бояд анҷом диҳад?

- Дар навбати аввал вазифаи ин кумитаи тозатаъсис таъмини иҷрои "Қонун дар бораи забони давлатии Тоҷикистон" аст, ки ахиран қабул шуд. Ва бар асоси муҳтавои ҳамин Қонун таҳияи барномаи мукаммали рушди забони давлатӣ, коркарди меъёрҳои забони адабӣ, масъалаи риояи дақиқи имлои забони давлатӣ аз сӯи ниҳодҳои давлатӣ ва ғайри давлатӣ ва инчунин васоити ахбор низ аз вазоифи аввалдараҷа маҳсуб мешаванд.

Ва дигар ин ки бар асоси қонуни нав забони тоҷикӣ забони илм эълон шудааст ва зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо донишгоҳ ва пажӯҳишгоҳҳои дигар стандартҳои забони илмро муайян кунем.

Ва ҳамчунин барои баррасии масоили вобаста ба меъёрҳои забони адабӣ мо бояд як Шӯрои бисёр мӯътабар аз ҷумлаи мутахассисон ва донишмандон дар назди Кумитаи забон ва истилоҳот таъсис кунем. Ин Шӯро бояд тамоми масоили вобаста ба истилоҳот, истилоҳпазирӣ, қабули истилоҳот дар ҳамаи соҳаҳоро, ки имрӯз як амри ногузир аст, зери назар дошта бошад. Масоили дигаре ҳаст, ки дар ҷараёни кор пеш меояд.

- Аммо аз нигоҳи сохторӣ ин Кумита чӣ гуна хоҳад буд? Оё дар манотиқ ва вилоятҳо низ сохтор хоҳед дошт?

- Ҳоло бисёр масъалаҳо дар ҳоли баррасӣ ҳастанд Аз ҷумла ин масъала ҳам. Аммо дар дастгоҳи марказии кумита шӯъбаҳо хоҳад буд. Аз ҷумла масъалаи ташхиси забонӣ ва додани хулосаҳои коршиносӣ ё экспертии забонӣ ҳам ба ҳамин кумита дода шудааст. Дигар шӯъбаи назорат ва меъёрҳо хоҳад буд. Шӯъбаи истилоҳот хоҳем дошт ва истилоҳоти соҳаҳои мухталиф. Яъне вобаста ба илмҳое, ки дар ҷаҳони имрӯз роъиҷ ҳастанд, шӯъбаҳои мухталиф таъсис мешавад.

Ин ҷо кор бисёр зиёд аст, ҳоло бошед, ки корро шурӯъ кунем, бо ҳукумат ҳам машвара дошта бошем, назарҳои мухталифро бигирем, баъд ин масоилро, ки гуфтем анҷом хоҳем дод. Ва баъд боз муфассалтар сӯҳбат хоҳем кард.

-Муваффақ бошед!

Мусоҳиб Р. Давлат

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97