Ҳаҷи кӯдаконро манъ карданд

Хабари хуб 12.11.2009 16:46

Баъд аз зуҳри рӯзи 7 ноябр гурӯҳи нахустини зойирони тоҷик озими Арабистони Саудӣ шуданд. Қарор аст, дар соли ҷорӣ беш аз панҷ ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон аз муқаддасоти ислом дар Маккаву Мадина зиёрат кунанд. Интизор меравад, то 20-уми ноябр куллияи зойирини тоҷик тариқи ҳавопаймо аз шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд ба Ҷидда мунтақил шаванд.

Интиқоли зойирон тоҷик дар соли ҷорӣ аз сӯйи ду ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон, "ТоҷикЭйр" ва "СомонЭйр" сурат мегирад. Вале, ин ду ширкат барои интиқоли зойирин ҳавопаймои "Lockheed-1011"-и ширкати "Эмир Авиэйшен" аз Аморати Муттаҳидаи Арабиро ба иҷора гирифтаанд, ки зарфияти ҳамли 360 мусофирро дорад.

Ба гуфтаи Изатулло Азизов, як масъули бахши ҳаҷ дар Вазорати фарҳанг, дар шароити сафар ба муқаддасоти ислом дар соли ҷорӣ тағйироте ворид шудааст. Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, тибқи дархости Вазорати Ҳаҷҷи Арабистони Саъудӣ, аз ин ба баъд танҳо афроди аз 18 сола боло ва синни то 80 сола метавонанд озими Маккаву Мадина шаванд.

Ба сурати истисно, нафарони аз 80 сола боло бояд ҳамроҳи пайвандони худ сафар кунанд ва наздикони чунин бузургсолон "бояд забонхат диҳанд, ки дар сурати беморӣ ва ё фавт, тамоми хароҷот бар дӯши онҳо хоҳад буд."

"Вижагии" дигари сафари ҳаҷи имсол боло рафтани ҳазинаи он аст. Дар ҳоле, ки соле қабл баҳои сафари ҳаҷҷ 2990 доллар буд, имсол ин қиммат то 3342 доллар афзоиш ёфтааст.

Ба гуфтаи ҷаноби Азизов, ин амр ба боло рафтани баҳои иҷораи меҳмонхона дар Арабистони Саудӣ ва ироаи сервиси бештар рабт дорад. Аз ҷумла, қарор аст, имсол кулли зойирони тоҷик ба ҳангоми сафар ҳамарӯза се маротиба бо ғизо таъмин шаванд.

Ба афзоиши баҳои сафари ҳаҷ ҳамчунин арзиши бисту панҷдоларии эмкунӣ алайҳи бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла, зуком низ изофа шудааст.

Дар ҳоле, ки ҳудуди панҷ ҳазор тоҷикистониён омодагии сафар ба Арабистони Саудиро доранд, афроди зиёде, ки низ имсол қасди сафари ҳаҷҷро доштанд, натавонистанд ба феҳристи зойирон шомил шаванд.

Ба гуфтаи масъулони Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, теъдоди чунин афрод бештар аз нафароне аст, ки имсол сафари ҳаҷ хоҳанд кард. Гуфта мешавад, ки аз ин ба баъд сафар ба ҳаҷ аз Тоҷикистон аз рӯи "навбат" сурат мегирад.

Яъне, ҳар шахсе, ки қасди сафари ҳаҷро дорад, бояд худро номнавис кунад ва расидани "навбати" худро интизор шавад. Зеро, Вазорати Ҳаҷи Арабистони Саудӣ, ҳамасола барои Тоҷикистон танҳо ҳудуди панҷ ҳазор саҳмия ихтисос медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, интизор меравад, нахустин гурӯҳи зойирони тоҷик ҳафтуми декабр аз Арабистони Саудӣ ба ватан бозгарданд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97