Деҳқонон боз қарздор шуданд

Хабари хуб 12.11.2009 16:45

Бонки миллӣ ва Анҷумани бонкҳои Тоҷикистон аз ҳукумат хостаанд, ки замони бозпардохти қарзхҳои кишварзонро тамдид кунад. Гуфта мешавад дар ғайри ин сурат, бонкҳои Тоҷикистон бо мушкилоти молӣ рӯбарӯ хоҳанд шуд. Соле қабл ҳукумат аз тариқи бонкҳо дар воҳидҳои кишоварзии пахтакор ба маблағи беш аз 32 млн. доллар сармоягузорӣ карда буд. Интизор мерафт, ки ин маблағ то 1 марти соли ҷорӣ бозгардонда шавад.

Вале дар пайи бӯҳрони ҷаҳонии молӣ ва коҳиши қимати пахта дар бозори ҷаҳонӣ, воҳидҳои кишоварзии Тоҷикистон натавонистаанд қарзҳои худро саривақт бозпас бидиҳанд.

Дар моҳи марти имсол ҳукумат тасмим гирифт, ки замони бозпардохти ин қарзҳоро нахуст барои як моҳ ва сипас то 1 ноябри соли ҷорӣ тамдид кунад.

Ҳамакнун, тибқи иттилои манобеи Вазорати молияи, аз 140 млн. сомонӣ қарзҳо, ки кишоварзон гирифта буданд, танҳо 64 дарсади маблағ бозгардонда шудааст.

Танҳо "Тоҷиксодиротбонк" ва "Бонки рушди Тоҷикистон" тавонистаанд маблағи қарзҳоро аз воҳидҳои кишоварзӣ бозпас гирифта ва ба хазинаи вазорати молия баргардонанд.

Вале "Ориёнбонк", "Агроинвестбонк" ва "Тоҷпромбонк" то ҳол натавонистаанд ин маблағҳоро ба давлат бозпас диҳанд.

Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2008 тасмим гирифт, ки дар воҳидҳои пахтакор сармоягузорӣ кунад. Ин тасмим дар пайи афзоиши қарзҳои воҳидҳои кишоварзӣ аз ширкатҳои ба истилоҳ "фючерсӣ", ки болиғ ба 500 млн. доллар буд, гирифта шуд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97