Русия боз ба Роғун бармегардад?

Хабари хуб 30.10.2009 18:10

Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ гуфтааст, ки Русия дар бунёди нирӯгоҳи Роғун дар чаҳорчӯби консорсиюми байналмилалӣ барои сохтмони ин нирӯгоҳ ширкат хоҳад кард.

Ҳамроҳхон Зарифӣ нахустин сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмонро, дар ҳаждаҳ соли ахир ба Русияро муҳим хонда ва натиҷаи онро барои ҳар ду кишвар судманд арзёбӣ кардааст.

Ҳарчанд Ҳамроҳхон Зарифӣ дар нишасти матбуотии рӯзи 26-уми октябр ин суолро ки оё Президент Раҳмон ва ҳамтои руси ӯ масоили бунёди нирӯгоҳи Роғунро дар мулоқоти ахирашон матраҳ карданд ё хайр, бепосух монд, аммо гуфт: "Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Русия хеле назаррас буд ва тамоми масоили матраҳшуда дар он ҳалли худро ёфтанд. Дар ин сафар тақрибан тамоми масъалаҳое, ки миёни ин кишварҳо вуҷуд дошт, матраҳ шуд ва Русия ба таври мусбӣ ба ҳамаи дархостҳои Тоҷикистон посух дод."

Ҳамрохон Зарифӣ дар робита ба сохтмони нирӯгоҳи Роғун гуфт: "Мо барои бунёди нирӯгоҳи Роғун, таъсиси консорсиюми байналмилалиро эълом кардем ва ин тарҳ аз сӯйи Бонки Ҷаҳонӣ таҳия мешавад ва Русия чун кишвари мустақил дар ин тарҳ ширкат хоҳад кард." Ва инчунин таъкид кард, ки ин консорсиюм тарҳи як ва ё дуҷониба набудааст.

Сохтмони нирӯгоҳи Роғун яке аз тарҳҳои муҳимми стротегии Тоҷикистон барои бурунрафт аз бӯҳрони энержӣ маҳсуб мешавад. Ҳарчанд бархе аз кишварҳои минтақа, аз ҷумла Узбакистон аз иҷрои ин тарҳ шадидан интиқод мекунанд, вале давлати Тоҷикистон аз ду сол ба ин сӯ ба танҳоӣ сохтмони ин нирӯгоҳро аз сар гирифта, интизор меравад, дар зудтарин фурсат маросими бастани маҷрои рӯдхонаи Вахш дар маҳалли сохтмони садди обанбори ин нирӯгоҳ баргузор шавад.

Ин дар ҳолест, ки бархе аз кишварҳои минтақа, аз ҷумла, Ирон, Покистон ва Қазоқистон алоқамандии худ барои ширкат дар иҷрои ин тарҳро изҳор дошта буданд.

Дар аввали соли ҷорӣ Алӣ Асғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Душанбе дар як нишасте эълом карда буд, ки кишвараш бо мушаххас шудани шароити консорсиюми байналмиллалии сохтмони нирӯгоҳи обии "Роғун" дар ин тарҳ мушорикат хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол, вазири хориҷа дар нишасти матбуотии худ гуфт, ки интизор меравад то охирҳои соли ҷорӣ Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳурии Ирон аз Тоҷикистон боздид кунад ва яке аз масоили аслии гуфтугӯи ӯ бо Президент Раҳмон масъалаи сохтмони нирӯгоҳҳои барқӣ ва мушорикати Ирон дар ин тарҳҳо хоҳад буд. Қарор аст, дар мулоқоти ҷаноби Аҳмадинажод бо мақомоти Тоҷикистон, интиқоли нирӯи барқ аз Тоҷикистон ва минтақа ба Ирон ва масоили кашидани хутути барқ ба ин кишварро матраҳ кунад.

Дар мавриди ҳузури низомиёни Русия, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, ҳузури ройгони пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон то соли 2014 идома хоҳад дошт. Тибқи гузоришҳо мавзӯи шароити ҳузури баъдии ин пойгоҳ тайи чанд моҳи ахир дар музокироти миёни мақомоти Русия ва Тоҷикистон матраҳ будааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97