Хиёнаткорон ҳукми тӯлонӣ гирифтанд

Хабари хуб 30.10.2009 18:09

Додгоҳи вилояти Суғд, мақомдорони пешини корхонаи “Востокредмет”-ро ба муддатҳои аз 10 то 22 сол зиндон маҳкум кардааст.

Ба гуфтаи Насим Эҳсонов, судяи ин додгоҳ Александр Ботов, сармуҳандис ва Александр Бабошин, раиси бахши сохтмони корхонаи “Востокредмет” ба иттиҳоми “хиёнат ба давлат ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабию расондани зарари беандоза” ба муддати 22 сол ва Виссарион Тен, шаҳрванди Узбакистон ба ҷурми “ҷосусӣ ба манфиати давлати хориҷӣ” ба муддати 20 сол равонаи зиндон шудаанд.

Зимнан, дар зарфи чаҳор соли ахир, ҳудуди даҳ тан аз сокинони Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ бо гуноҳи ҷосусӣ ба нафъи Узбакистон ва Қирғизистон боздошт ва ба додгоҳ кашонда шуданд. Ҳамчунин, Шавкат Бобоҷонов, раиси пешин ва Матин Зиёев, раҳбари хадамоти амнияти дохилии ин корхона дар додгоҳи вилояти Суғд ба ҷурми “хориҷ шудан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва расондани зиёни беандоза” муттаҳам шуда ва ба муддати 10 сол зиндон маҳкум шудаанд. Шавкат Бобоҷонов дар моҳи июли соли ҷорӣ ба иттиҳоми хиёнат ба Ватан аз сӯйи ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дастгир шуда ва корҳои бозрасии ин қазияро кормандони Кумитаи амнияти миллии анҷом додаанд. Аммо судя Эҳсонов гуфтааст, ки дар ҷараёни баррасӣ дар додгоҳ ин иттиҳом собит нашуда ва Шавкат Бобоҷонов бо моддаи дигари Қавонини ҷиноии Тоҷикистон, яъне “сӯйиистифода аз мақоми хидматӣ” маҳкум гардидааст.

Корхонаи коркарди маъдани уран, “Востокредмет” дар соли 1945 таъсис шуда ва ҷузъи Вазорати саноати атоми Иттиҳоди Шӯравӣ маҳсуб мешуд. Дар пайи фурӯпошии Иттиҳоди шӯравӣ ин корхона ба тобеияти давлати Тоҷикистон даромадааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97