Милисаро дар дили Душанбе куштанд

Хабари хуб 23.10.2009 19:34

Пас аз нисфирӯзии рӯзи душанбе корманди ШКД-и н.Фирдавсии шаҳри Душанбе Дӯстмурод Бадалов бо зарбаи тири тапочаи макаров кушта шуд. Дар ин ҳодиса як корманди дигари ин ниҳод ҷароҳат бардоштааст. Сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Маҳмадулло Асадуллоев, гуфтааст, ки ин ҳодиса дар парки "Дӯстии ҳалқҳо", дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт, рух додааст.

Ба гуфтаи ӯ, сержантҳо Дӯстмурод Бадалов ва Абдураҳмон Муродов, кормандони ШКД-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, зимни назорат аз ин боғ ду нафарро мушоҳида кардаанд, ки дар зери дарахте машғули истифода аз маводди мухаддир буданд.

Кормандои милиса аз онҳо хостаанд, ки ҳуҷатҳояшонро нишон диҳанд, вале ин ду нафар, ки ҳувияташон мушаххас нашудааст, аз ҷайби худ тапончаи Макаровро гирифта ва ба сӯйи ин ду сержант тир холӣ кардаанд.

Маҳмадулло Асадуллоев мегӯяд, ки дар пайи тирпаронӣ сержант Дӯстмурод Бадалови 27-сола дар ҷойи ҳодиса кушта шуд ва сержант Абдураҳмон Муродов ҷароҳатҳои сангин бардошт. Афроди гунаҳкор бо бо сабукрави худ аз маҳалли ҳодиса нопадид шудаанд.

Маҳмадулло Асадуллоев афзудааст, ки талошҳои маъмурони милиса барои боздошти ин афрод то ҳол натиҷае дар пай надоштааст.

Вале бо дастури Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон барои таҳқиқи ин ҳодиса ва боздошти афроди гумонбар гурӯҳи вижае бо раҳбарии Рамазон Раҳимов, муовини аввали вазири корҳои дохилӣ, таъсис шудааст.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки дар маҳалли ҳодиса нахуст миёни маъмурони милиса ва афроди номаълум сӯҳбатҳои тунд ва даъво сурат гирифта ва сипас садои тир шунида шудааст.

Дар соли равон ин барои бори нахуст нест, ки кормандони вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба дасти афроди номаълум кушта мешаванд.

Дар моҳи сентябри соли ҷорӣ Саидумар Саидов, раиси бахши мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Исфара, ва дар моҳи майи соли ҷорӣ як корманди вазорати корҳои дохила дар шаҳри Хуҷанд ба қатл расида буданд.Ҳамчунин дар соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Турсунзода низ ду маъмури милиса аз сӯйи афроди номаълум кушта шуда буданд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97