Ронандагон камарбандро фаромӯш накунед!

Хабари хуб 23.10.2009 19:33

Истифода аз камарбанд барои мусофирон ва ронандагони автомобилҳо дар Тоҷикистон дубора ҳатмӣ мешавад. Пажӯҳишҳо ҳокист, ки дар сурати истифода аз камарбанд мизони амнияти мусофирон то 30 дарсад афзоиш меёбад. Ҳамзамон таъкид шудааст, ки дар роҳҳои мошингарди кӯҳистонӣ истифода аз камарбанд ҳамчунон ҳатмӣ нест.

Полковник Маҳмадалӣ Зубайдуллоев, муовини сардори БДА-и ВКД гуфтааст, ки тибқи муқаррароти Қонуни нави маъмурии Тоҷикистон истифода аз камарбанд дар автомобилҳо дубора ҳатмӣ шудааст.

Ӯ афзудааст, ки маъмурони БДА пажӯҳише анҷом додаанд, ки бар мабнои он агар мусофирон ва ронандагони автомобилҳо аз камарбанд истифода мекарданд, мизони маргу мир ва ҷароҳатҳои онҳо дар садамаҳо сӣ дарсад коҳиш меёфт.

Аз сӯйи дигар, ин манбаъ гуфтааст, ки дар замони шӯравии пешин ин муқаррарот дар Тоҷикистон роиҷ буд, вале дар пайи "бесарусомониҳои даҳаи 1990 дар ин кишвар иҷрои он фаромӯш шудааст." Ҳарчанд, дар бештаре аз кишварҳои ҷаҳон истифода аз камарбанд аз даҳсолаҳо қабл амри маъмулӣ аст. Ҳамакнун, ба гуфтаи полковник Зубайдуллоев, қарор аст нахуст маъмурони БДА истифодаи камарбандҳоро дар ҷодаҳои миёни шаҳрҳо, назири роҳи Душанбе ва Қӯрғонтеппа, Турсунзода. Кӯлоб ва Ваҳдат тақозо кунанд. Сипас, истифода аз камабранд дар шаҳрҳо низ ҳатмӣ хоҳад шуд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97