Бонки миллӣ кафолат медиҳад

Хабари хуб 15.10.2009 15:28

Бонки Миллӣ барои ҷалби пасандозҳои мардум лоиҳаи қонунеро таҳия кардааст, ки кафолати бозпас гирифтани маблағҳоро замонат медиҳад. Дар сурати тасвиби ин санад, мардум метавонанд ҳатто дар сурати муфлисшавии бонкҳо, пасандозҳои худро, агар маблағи онҳо чандон бузург нест, бозпас бигиранд ва ҳукумат дар ин амр мусоидат хоҳад кард.

Ба гуфтаи Искандар Давлатов, раиси бахши назорати бонкӣ дар Бонки Миллии Тоҷикистон, тибқи ин лоиҳа таъсиси Сандуқи суғуртаи пасандозҳои мардум дар назар аст. Ба ин сандуқ фоизи бештаре аз суди фаъолияти бонкҳо ҷамъоварӣ шуда, дар сурати муфлисшавии онҳо, аз ин маблағ пасандозҳои мардум ҷуброн мешаванд.

Аз ҷумла, дар лоиҳаи ин қонун омадааст, ки маблағи то панҷ ҳазор сомонӣ дар бонкҳо сад дарсад ҷуброн карда мешавад. Пасандоҳои то ҳафт ҳазор сомонӣ танҳо 90 дарсад ва ҳамин тур бо афзоиши мизони пасандозҳо қисмати ҷуброншавандаи онҳо коҳиш меёбад.

Искандар Давлатов афзудааст, ки таъсиси чунин сандуқҳо дар кишварҳои мухталиф як таҷрибаи маъмулист ва барои афзоиши мизони ҷалби сармояи мардум ба бонкҳои кишвар мусоидат мекунанд.

Таъкид шудааст, ки раванди таҳияи ин қонун бо мусоидати Бонки Ҷаҳонӣ сурат гирифтааст ва интизор меравад, то тобистони соли оянда ин санад аз сӯйи Ҳукумати Тоҷикистон тасвиб шавад.

Валерий Ким, раиси бахши ҳуқуқии Анҷумани бонкҳои Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ зимни пуштибонӣ аз лоиҳаи ин қонун гуфтааст, ки анҷумани онҳо талош карда ба пешнависи ин санад тағйироте ворид созад, ки бар мабнои он муштариёни бонкҳо тавонанд куллияи маблағҳои худро бозпас бигиранд.

Зимнан, тибқи иттилои Бонки Миллии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ маблағи пасандозҳо дар бонкҳои кишвар ҳудуди 2 млрд. сомонӣ будааст, ки ин рақам дар муқоиса бо соли қабл 12,4 дарсад бештар мебошад.

Вале дар ҳамин давра мизони пасандозҳои “ашхоси воқеъӣ” ё мардум 22,8 дарсад афзоиш ёфтааст, ки масъулони Бонки Миллӣ ин амрро ба боло рафтани эътимоди мардум ба низоми бонкии кишвар арзёбӣ мекунанд.

Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки 70 дарсади пасандозҳои мардум дар бонкҳо бо арзи хориҷӣ маҳфуз будааст, ки далели нобоварии мардум ба пули миллии кишвар аст.

Аз сӯйи дигар, масъулони бонкҳои Тоҷикистон иддао доранд, ки наметавонанд суди бештареро барои пасандозҳо муқаррар кунанд. Зеро, ба гуфтаи онҳо, қиммати муттавасити эътиборот дар нимсолаи аввал ҳудуди 24 дарсад будааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97