Боҷи гумруки коҳиш ёфт

Хабари хуб 15.10.2009 15:28

Дар пайи буҳрони ҷаҳонии молӣ мизони боҷи гумрукӣ дар Тоҷикистон дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар муқоиса ба давраи мушобеҳи соли гузашта ҳудуди 20 дар сад коҳиш пайдо кардааст. Бино ба гузориши Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар ин муддат мизони молҳои содиротию воридотӣ ба маблағи 966 млн. доллар коҳиш ёфтааст, ки ин рақам дар давраи фаъолияти ин ниҳод собиқа надоштааст.

Бо таваҷҷӯҳ ба он, ки боҷи гумрукӣ аз бахшҳои аслии даромади будҷаи давлати маҳсуб мешавад, доктор Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони мустақил таъсири ин вазъро барои будҷаи Тоҷикистон ногувор арзёбӣ кардааст.

Вай гуфтааст, ки ба далели камбуди ҳазина мумкин аст, дар роҳи иҷрои барномаҳои давлатӣ дар бахшҳои омӯзишу парвариш, беҳдошт ва дигар соҳоти иҷтимоӣ монеъ шавад.

Ин дар ҳолест, ки бино ба омори ахири додситони кулли Тоҷикистон дар соли ҷорӣ нӯҳ корманди ниҳодҳои гумруки ин кишвар ба иттиҳоми ришвахурӣ боздошт шуда ва алайҳи онҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Неъмат Раҳматов, муъовини аввали раиси Хадамоти гумрук рӯзи душанбеи 12 октябр, дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ки дар соли ҷорӣ мизони транзити мол аз тариқи Тоҷикистон боло будааст.

Ба гуфтаи Неъмат Раҳматов дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ мизони боҷи гумрукӣ барои молҳои транзитӣ дар муқоиса ба давраи мушобеҳи соли гузашта беш аз чаҳор баробар афзоиш ёфта ва 85 млн. долларро ташкил додааст.

Масъулони Хадамоти гумрук далели ин амрро ба фаъолияти доимии пули иртиботӣ дар Панҷи Поён, ки Тоҷикистонро бо Афғонистон пайваст мекунад ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани роҳҳои мошингард, ки ҷавобгӯйи меъёрҳои байналмилалӣ дар ин минтақа аст, марбут хонданд.

Таъкид шуд, ки куллияи молҳои транзитӣ молҳои тиҷоратӣ буда аз Афғонистону Покистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва баръакс интиқол мешавад.

Ҳамчунин, Чин аз тариқи гузаргоҳҳои Кулма ва Ишкошим, молҳои худро ба Афғонистон мунтақил кардааст.

Гуфта мешавад, дар сурати оғоз шудани транзити молҳои ғайринизомии Амрико ва муттаҳидонаш тавассути Тоҷикистон ба Афғонистон дар соли оянда мизони молҳои транзитӣ ба маротиб афзоиш хоҳад ёфт.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97