Инқилоб дар илми тибби тоҷик

Хабари хуб 15.10.2009 15:27

Тибқи як лоиҳаи муштараки олимони Фаронса ва тоҷик тавлиди ҳуҷайраҳои бунёдӣ (стволовые клетки) оғоз гардид. Тоҷикистон дар зудтарин фурсат ба феҳрасти кишварҳои тавлидкунандаи ҳуҷайраҳои бунёдӣ шомил хоҳад шуд. Ин амр дар пайи оғози кори лабараторияи ҷадиде дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон имконпазир шуда ва пажӯҳишгарон аллакай бо усули сунъии афзоиши ҳуҷайра оғоз карданд. Гуфта мешавад, ки бо истифода аз ин технологияҳо табобати бисёре аз бемориҳои марговар имконпазир мешавад.

Доктор Масъуди Миршоҳӣ, устоди эронитабори Донишгоҳи пизишкӣ аз Фаронса ва пажӯҳишгари Маркази таҳқиқоти ин кишвар, ки ба ибтикори ӯ дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ин озмоишгоҳ таъсис шудааст, мегӯяд, ки то шаш моҳи дигар нахустин ҳуҷайраҳои устухон таҳия хоҳанд шуд.

Ӯ афзудааст, ки қарор аст дар озмоишгоҳи ин донишгоҳ ҳамчунин ҳуҷайраҳои хун, шуш, саратон, раги хун, пӯсти бадан таҳия шаванд. Ба ин тартиб, табобати бемориҳои қалб ва қанд, пӯст, устухон ва ғайра имконпазир хоҳад шуд.

Ба унвони мисол, доктор Миршоҳӣ гуфтааст, ки аз ҳуҷайраи ҷисми як нафар, ки дар пайи сӯхтор осеб дидааст, миқдори зарурии пӯсти ин шахс аз роҳи сунъӣ таҳия ва сипас ба ҷойи осебдида дӯхта мешавад.

Ҳамчунин бо истифода аз ин технологияҳо имкон фароҳам мешавад, ки зану шавҳари бефарзанд низ дар шароити озмоишгоҳ фарзанди ояндаи худро бо усули ғайри батнӣ тавлид карда ва сипас ба батни модар ворид кунанд.

Ҳамчунин пизишкон аз имкони тавлиди рагҳои хунгард дар қалби инсон, ки фарсудагии онҳо ҳамасола боиси марги даҳҳо ҳазор аз сокинони Тоҷикистон мешавад, имконпазир хоҳад шуд.

Доктор Масъуди Миршоҳӣ гуфтааст, ки куллияи ин технология ва таҷҳизоти зарурӣ аз кишварҳои аврупои аз ҷониби ӯ ва дӯстонаш харидорӣ ва эҳдо шудааст.

Дар посух ба ин суол, ки ба чӣ манзур вай чунин иқдом кардааст, ҷаноби Миршоҳӣ гуфтааст, ки мехоҳад шоҳиди пешрафти илмии Тоҷикистон шавад.

Ӯ афзудааст: "Дуруст аст, ки мо кишварҳои ҳамфарҳангу ҳамзабон ҳастем, гузашта аз ин, ман ошиқи Тоҷикистон ҳастам. Ва ҳарчанд худам шаҳрванди Фаронса бошам, вале, мехоҳам, ки дастовардҳои Тоҷикистон дар арсаи пизишкӣ ба мисли замони Абуалӣ Сино бошад."

Зимнан, ҷаноби Миршоҳӣ якҷо бо Ҳусейн Содиқӣ, пизишки амалиёти қалб аз Донишгоҳи пизишкии Порис ҳамасола дар Маркази амалиёти қалби Тоҷикистон барои чанд нафар ройгон амалиёт мекунанд. Ва соле қабл ба маблағи беш аз як млн. доллар барои ин марказ таҷҳизоти замонавӣ эҳдо карда буданд.

Ба эътиқоди ҷаноби Миршоҳӣ, дар оянда роҳандозии технологияҳои таҳияи ҳуҷайраҳо ё ҷанинҳои бунёдӣ метавонад боиси ифтихори миллии мардуми тоҷик бошад. Зеро, ба гуфтаи ӯ, "ҳоло танҳо ҳудуди сӣ кишвар дар ҷаҳон аз ин технологияҳо бархӯрдоранд. Дар қитъаи Осиё танҳо Ирон, Чин ва Ҳинд дар ин замина фаъолият доранд."

Таъсиси озмоишгоҳи истифода ва пажӯҳиши ҳуҷайраҳои бунёдӣ дар Тоҷикистонро коршиносон яке аз иқдомоти муҳим дар арсаи илмӣ арзёбӣ мекунанд.

Зеро, гуфта мешавад, ки дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон аз нахустин кишварест, ки ба пажӯҳиши ин арсаи пизишкӣ машғул мешавад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97