Эмомалӣ Раҳмон меҳмон дорад, ба Кишинёв намеравад

Хабари хуб 08.10.2009 19:11

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишварамон дар ҳамоиши раҳбарони кишварҳои ҳамсуд дар Кишинев, пойтахти Молдова, ки 9 октябр баргузор хоҳад шуд, ширкат нахоҳад кард. Манобеъи раёсати ҷумҳурии Молдова хабар додаанд, ки Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш Оқил Оқилов, нахуствазири кишвар намояндагӣ хоҳад кард.

Вале на танҳо Эмомалӣ Раҳмон аз ширкат дар ин ҳамоиш худдорӣ кардааст, балки гузориш шудааст, ки руасои ҷумҳурии Қазоқистон ва Туркманистон низ тасмим гирифтаанд, дар он ширкат наварзанд.

Дар ҳамин ҳол манобеъи давлатӣ гуфтаанд, ки дар дастури кори Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои ҳамоиши раҳбарони кишварҳои мустақили ҳамсуд, сафари корие ба Ишқобод, пойтахти Туркманистон дар назар аст.

Аз сӯйи дигар, интизор меравад, 9 октябр Оғохони ҷаҳорум, раҳбари исмоилиёни ҷаҳон ба манзури анҷоми сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шавад.

Зимнан, қарор аст, дар ҳамоиши раҳбарони кишварҳои мустақили ҳамсуд масоили марбут ба ҷилавгирӣ аз пайёмадҳои бӯҳрони ҷаҳонии молӣ, масоили амниятӣ, низомӣ ва ҳамчунин омодагии ин кишварҳо барои таҷлил аз 65-умин солгарди пирӯзии Иттиҳодӣ Шӯравӣ бар Олмони фашистӣ матраҳ шавад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97